Раиси вилоятро аз вазифа гирифтанд

Барканории Омурбек Суваналиев баъд аз задухӯрди мусаллаҳона дар марзи вилояти Бодканди Қирғизистон бо шаҳри Исфараи Тоҷикистон сурат гирифт.

Омурбек Суваналиев аз мансаби намояндаи ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканди ин кишвар барканор шуд. Суваналиев рӯзи 4-уми май бо тасдиқи ин хабар гуфтааст, ки тасмими барканории ӯро дар Бишкек гирифтаанд.
«Фаҳмидам,ки ба хотири гузаронидан ба вазифаи дигар ин тасмимро гирифтаанд ва ман ҳам 4-уми май розӣ шудам», — изҳор дошт Суваналиев.

Ба гуфтаи Омурбек Суваналиев, ӯ дар ҳоли ҳозир намедонад, ки вайро ба кадом вазифа таъйин хоҳанд кард. Вай барои кор дар Бодканд бо хонаводааш ба он вилоят рафта буд.

Барканории Омурбек Суваналиев баъд аз задухӯрди мусаллаҳона дар марзи вилояти Бодканди Қирғизистон бо шаҳри Исфараи Тоҷикистон сурат гирифт. Ӯ дар нахустин лаҳзаҳои низоъ дар маҳалли ҳодиса қарор ва дар гуфтугӯҳо бо намояндагони Тоҷикистон иштирок дошт.

Ҳукумати Қирғизистон дар бораи барканории Суваналиев расман хабар надодааст ва феълан маълум нест, ки ба ҷои ӯ кӣ раиси Бодканд мешавад. Суваналиеви 61-сола моҳи феврали имсол раиси Бодканд таъйин шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *