Расулзода ба Маскав барои чӣ рафт?
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо ҳайати намояндагии блоки иқтисодии Тоҷикистон ба Маскав павроз кардааст. Имрӯз ва фардо дар пойтахти Русия ҷаласаи 17-уми Комиссияи байниҳукуматии ҳамкориҳои иқтисодии Тоҷикистону Русия баргузор мешавад. Интизор меравад, ки Душанбе ва Маскав дар баробари баррасии рушди равобити тиҷоративу иқтисодии ду давлат, азсаргирии павозҳои мунтазам, бозгашти муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия ва мушкилоти донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои Русияро низ матраҳ хоҳанд кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ