«Реал» чорум бор Суперҷоми Aврупо гирифт
Шаби 8-уми август дастаи “Реал»-и Испания — ғолиби феълии Лигаи қаҳрамонҳо барои Суперҷоми Аврупо (UEFA) дастаи «Манчестер Юнайтед» — барандаи Ҷоми лигаи Аврупоро бо ҳисоби 2:1 мағлуб гардонд.
Дар ҳайати «Реал» тӯбҳоро Каземиро ва Иско ба дарвоза ворид карданд. Голи «Манчестер Юнайтед»ро Ромелу Лукаку ба ҳадаф расонд.
Ҳамин тавр,«Реал» бори чорум Суперҷомро ба даст овард. Аз ин пеш футболбозони Мадрид солҳои 2002, 2014 ва 2016 ғолиби ин сабқат шудаанд. Соли гузашта «Реал» дар бозӣ барои Суперҷоми UEFA бар «Севиля»-и Испания дар замони изофӣ бо ҳисоби 3:2 пирӯз гашта буд.
«Реал» аз рӯи шумораи ғалаба дар Суперҷом ба ҷойи севум баромад. Аз ҳама бештар – панҷборӣ — «Милан»-и Италия (1989, 1990, 1994, 2003, 2007) ва «Барселона»-и Испания (1992, 1997, 2009, 2011, 2015) Суперҷомро ба даст овардаанд. «Реал» дастоварди «Милан» ва «Аякс»-и Ҳолландро, ки ду бор паиҳам Суперҷомро соҳиб шудаанд, такрор намуд.
Зайниддин Зидан, сармураббии «Реал», панҷ маротиба ба ҳайси бозигар ва мураббӣ барандаи Суперҷоми UEFA шудааст.
Суперҷоми UEFA аз соли 1972 доир мешавад ва аввалин барандаи он «Аякс» мебошад. Дар бозӣ барои Суперҷом одатан ғолибони Лигаи қаҳрамонҳо ва Лигаи Аврупо аз рӯи натиҷагирии мавсими гузашта рақобат мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ