Ректори солро интихоб намоед!
Шумо метавонед дар номинатсияи “Ректори сол-2021” як нафарро интихоб намоед ва ба ӯ овоз диҳед. Дар номинатсияҳои дигар ҳам ҳуқуқи ба як нафарӣ овоз додан доред.
Қобилҷон ХУШВАХТЗОДА, ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
Қобилҷон Хушвахтзода баъд аз он ки ректори яке аз муассисаҳои олии бонуфуз — Донишгоҳи миллии Тоҷикистон таъин гардид, номаш бештар вирди забон шуд. Боло бурдани маоши устодону кормандони донишгоҳ, дастгирии донишҷӯён, озод кардан аз пардохти ҳаққи хобгоҳ, сабукиҳо дар давраи пандемияи коронавирус ва дигар ташаббусҳои ректор маҳбубияташро зиёд кард. Ахиран Қобилҷон Хушвахтзода иқдом гирифт, ки 25 нафар устодони донишгоҳро бо хонаи доимӣ таъмин намояд.
Қобилҷон Хушвахтзода ҳоло 39 сол дошта, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Хатмккардаи факултети баҳисобгирию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо ихтисоси баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит мебошад. Ӯ фаъолияташро дар факултети мазкур аз ассистент, мудири кафедра оғоз намуда, то ба вазифаи декан расидааст.
Қобилҷон Хушвахтзода доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор буда, аз 27-уми январи соли 2020 инҷониб ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Ӯ муаллифи зиёда аз 170 маводи илмӣ буда, дар мавзуҳои вобаста ба асосҳои назариявӣ-методологии маҳсулоти кишоварзӣ ҳамчун объекти низоми баҳисобгирӣ-таҳлилӣ, ташаккулёбӣ ва ташкили низоми баҳисобгирии таъминнамоии истеҳсолоти маҳсулоти рақобатпазир, таҳлили иқтисодӣ-омории рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ, баҳисобгирӣ ва таҳлили идоракунии соҳаи кишоварзӣ, баҳодиҳӣ ва таҳлили таъсир ба рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва ғайра тадқиқоти илмӣ анҷом додааст. Ба тарафдории Қобилҷон Хушвахтзода овоз диҳед!
Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА, ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино
Маҳмадшоҳ Гулзодаро бисёриҳо дар баробари ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино будан, ҳамзамон, чун олим ва ҷарроҳи моҳир мешиносанд. Ӯро устодону донишҷӯёни донишгоҳ ҳамеша тавсиф мекунанд, ки ташаббускор ва дастгири ҳамагон аст. Ҳар сол дар донишгоҳ бо ташаббуси профессор Маҳмадшоҳ Гулзода ҳамоишҳои илмӣ-амалии байналмилалӣ баргузор гардида, бештар ҷавонон иштирок мекунанд ва мавзӯҳои мубрами соҳаи тибро дар шароити имрӯза ба риштаи таҳлил мекашанд. Ӯ ҳамеша талош бар он дорад, ки сафи олимони ҷавони тибро афзун ва шароити таълимро беҳтар намояд.
Бо ташаббуси ректор дар донишгоҳ раванди баҳогузории таълим тариқи журналҳои электронӣ ба роҳ монда шудааст. Ҳамчунин, ҳар як муаллими кафедра бо планшетҳои ба шабакаи Интернет пайвастшуда таъмин гардидаанд.
Маҳмадшоҳ Гулзода 55 сол дошта, доктори илмҳои тиб, профессор мебошад. Ӯ олим ва ҷарроҳи шинохта аст. Номбурда дар мавзӯъҳои «Асоснок намудани усулҳои ҷарроҳии узвҳифзкунандаи захмҳои баъдипиёзакӣ, ки ба дуоденостеноз табдил ёфтаанд» рисолаи номзадӣ ва «Ташхиси комплексӣ, пешгирӣ ва табобати оризаҳои бармаҳали ҷарроҳии меъда бинобар захми вазнини рӯдаи дувоздаҳангушта» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст.
М. Қ. Гулзода аз соли 2008 профессори кафедраи ҷарроҳии умумии №1-и ДДТТ мебошад ва солҳои 2005-2009 декани факултети тиббӣ буд. Маҳмадшоҳ Гулзода аз сентябри соли 2009 дар вазифаи ноиби ректор оид ба корҳои илм ва табъу нашри ДДТТ кор кардааст. Аз 25-уми феврали соли 2016 Маҳмадшоҳ Гулзода ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ Ибни Сино мебошад. Фаъолияти ӯ пурсамар дониста шуда, чун олим ва табиб ба масъалаҳои ҷарроҳии абдоминалӣ бахшида шудааст. Профессор Гулзода муаллифи зиёда аз 300 кори илмӣ, 3 монография, 6 тавсияи таълимию методӣ, 30 пешниҳоди ратсионализаторӣ ва 4 ихтироот мебошад. Ба тарафдории Маҳмадшоҳ Гулзода овоз диҳед!
Нуъмонҷон ҒАФФОРӢ, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ
Нуъмонҷон Ғаффорӣ доктори илмҳои таърих, профессор мебошад. Ғаффорӣ аз 5-уми феврали соли 2019 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таъйин гардид.Ӯ соли 1999 дар мавзӯи «Фаъолияти фарҳангӣ-маорифпарварии ҷадидон дар аморати Бухоро (ибтидои асри ХХ)» рисолаи номзадӣ ва соли 2014 дар мавзӯи «Ҳаракати ҷадидия дар Осиёи Марказӣ» рисолаи докторӣ ҳимоя намудааст. Ғаффорӣ Н. У. тӯли фаъолияти хеш дар баробари тарбияи кадрҳои илмии таърихнигор, дар макотиби олии кишвар ба мустаҳкам кардани мавқеи он ба сифати маркази илмии пешқадами кишвар, баланд бардоштани сатҳи илмии омӯзиш ва омода кардани мутахассисони соҳа, гузарондани корҳои ташкилӣ оид ба омода кардани кадрҳои квалификатсияи олӣ тавассути аспирантураю докторантура саҳми арзанда дорад.
Мавсуф узви шӯроҳои диссертатсионии назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон оид ба ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ аз рӯи равияҳои таърихи ватанӣ, таърихи умумӣ, таърихи муносибатҳои байналхалқӣ ва сиёсати хориҷӣ мебошад. Дастовардҳои илмияш аз 4 монография, 4 брошураи илмӣ, 3 китоби илмӣ-оммавӣ, 4 дастури таълимӣ-методӣ ва зиёда аз 100 мақолаҳои илмӣ иборат мебошад. Ба тарафдории Нуъмонҷон Ғаффорӣ овоз диҳед!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ