Раиси солро интихоб намоед!

Шумо метавонед дар номинатсияи “Раиси сол — 2021” як нафарро интихоб намоед ва ба ӯ овоз диҳед. Дар номинатсияҳои дигар ҳам ҳуқуқи ба як нафарӣ овоз додан доред.

Рустами ЭМОМАЛӢ, раиси шаҳри Душанбе

Рустами Эмомалӣ раиси ҷавон ва соҳибибтикор аст. Ӯ кам сухан мегӯяд ва худро дар амал нишон медиҳад. Дар атрофаш ҷавононеро ҷамъ овардааст, ки аз IT технологияи муосир бархурдоранд. Як дастоварди бузурги ӯ бунёди командаи таҳсилдида, ҷӯянда, қолабшикан аст. Шаҳри Душанберо ӯ дар чанд соли охир ба яке аз шаҳрҳои зебову намунавии дунё табдил дод. Вай тавонист дар заминаи оштӣ додани меъмории Шарқу Ғарб шаҳре бунёд кунад, ки шаҳрсоз будани мардуми тоҷикро дар Осиёи Миёна собит созад. Ӯ дар қалби хомӯши Душанбешаҳр гулхани маърифат афрӯхт ва онро ба Маркази фарҳангии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил табдил дод. Қомати баланди биноҳои Душанбешаҳр ба сари баланди сокинони пойтахт соябон шуд.

Бунёди роҳҳои бисёрқабата, ҳалли мушкилоти нақлиёти ҷамъиятӣ, ба роҳ мондани робита бо мардум аз дастовардҳои асосии ӯ ба ҳисоб мераванд. Ҳоло ӯ талош дорад, ки Душанберо ҳамчун маркази саноатӣ ва содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷ ва шаҳри ҳамешасабз табдил диҳад.

Наҷоти Хона-музейи Қаҳрамони Тоҷикистон Садриддин Айнӣ, расидагӣ ба қазияи Мадина Мамадҷонова, дастгирии мардуми камбизоат маҳбубияти ӯро фарохтар аз доираи Душанбешаҳр бурд ва дар паҳнои Тоҷикистон ва берун аз ҳудуди он шуҳрат ва маҳбубият пайдо кард.

Шумо ҳам метавонед назари худро нависед! Мо онро ба нашр мерасонем. Ҷонибдории шумо аз Рустами Эмомалӣ дастгирии насли ҷавон ва ояндадори Тоҷикистон аст.

Раҷаббой АҲМАДЗОДА, раиси вилояти Суғд

Раҷаббой Аҳмадзода чеҳраест, ки дар як муддати кӯтоҳ тавонист худро ҳамчун бунёдкор ба мардуми Тоҷикистон муаррафӣ кунад. Танҳо дар як соли охир бунёд гаштани чандин корхонаҳои саноатӣ дар ҳудуди вилояти Суғд далели ин гуфта аст. Ба истифода додани иншооти маорифу тандурустӣ, бунёди боғҳои интенсивӣ бозгӯи ташаббускорӣ ва бунёдкории ин раиси майдони ҳарби бунёдкорист.

Ӯ ҳамеша дар тараддуди кор аст. Гоҳ барои қабули шаҳрвандон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят мераваду гоҳи дигар дар сардиҳо ба дудмонии зери дарахтон ва пахтачинӣ машғул аст. Гоҳ ӯро метавон дар корхонаҳои вилоят диду гоҳи дигар дар мулоқотҳо, ҷустани шарикон дар хориҷи кишвар. Бастани созишномаҳо бо бисёре аз шаҳру вилояҳои Русия, Белорусия ва дигар кишварҳо шоҳиди васеъ будани дидгоҳи раиси вилоят аст.

Ӯ тавонист вилояти Суғдро ба локомативе табдил диҳад, ки қатораҳоро ба пеш мебарад. Ӯ бо мардум аст ва раиси мардумист. Дари утоқи кории ӯ чун лабони шукуфонаш ҳамеша ба рӯи сокинони вилоят боз аст. Овози шумо ба ҷонибдории Раҷаббой Аҳмадзода дастгирии раисони бунёдкор ва ташаббускор аст!

Баҳоваддин БАҲОДУРЗОДА, раиси шаҳри Исфара

Як рукни пурсиши имсола фарогири шуҷоат, матонат, меҳанпарастӣ ва садоқат ба арзишҳои миллӣ буд. Охири моҳи апрели соли 2021 Исфара дар гирдоби муноқиша ва ҷанг қарор дошт. Низоъҳои хурди марзи Тоҷикистону Қирғизистон, ки солҳост идома дорад, билохира ба муноқишаи мусаллаҳона табдил ёфт, ба амнияти марзии кишвар хатар ворид кард ва боиси марги даҳҳо шаҳрвандони осоиштаи Тоҷикистон гардид.

Дар ин лаҳзаҳои ҳассос Баҳоваддин Баҳодурзода ҳамчун раиси содиқ ба арзишҳои миллӣ дар сафи пеш қарор гирифт, ҷони худро зери хатар гузошт ва ҳамчун Коваи оҳангар, ки пешдомани сурхашро ливо карда буд, байрақи Тоҷикистонро боло бардошт. Пеш рафт. Дар ин муқовимат ӯ муқобили аҷнабиён қарор гирифт, захм бардошт, вале бо вуҷуди он майдони муборизаро тарк накард ва мардумро ба ҳимояи марзу буми Тоҷикистон ҳидоят намуд.

Баҳоваддин Баҳодурзода аз ҷониби респондентҳо ба ҷумлаи 3 нафар раисони баргузида ворид шуд ва ғолибияти ӯ марбут ба шумост. Овоз ва назари шумо барояш ҳалкунанда аст. Нависед, овоз диҳед!

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

77 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Pingback: “Рейтинг – 2021”: Ғолибон муайян шуданд — Home

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.