Вазири солро интихоб намоед!

Шумо метавонед дар номинатсияи “Вазири сол — 2021” як нафарро интихоб намоед ва ба ӯ овоз диҳед. Дар номинатсияҳои дигар ҳам ҳуқуқи ба як нафарӣ овоз додан доред.

Ҷамолиддин АБУЛЛОЗОДА, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷамолиддин Абуллозода ҳам соли 2021 дар мақоми вазирист. Аз рӯи эътирофи мардум, ӯ касбӣ, пуркор ва ботаҳаммул мебошад. “Ӯро шикастан мисли санги хороро бо нохун кандан аст”,- навиштааст хонандае ба идораи “Тоҷикистон”. Ворид гаштани шикаст дар раванди коронавирус, таъмини амнияти сиҳатии сокинони Тоҷикистонро бисёриҳо ба ӯ иртибот медиҳанд. Нақши барҷастаи дигари ӯ, аз нигоҳи респондентҳо, татбиқи стратегии давлат дар бунёди иншооти тиббӣ ва тандурустӣ дар кишвар аст.

Ҳамчунин, пурсишшудагон изҳор намуданд, ки баъд аз вазир таъин шудани ӯ шумораи бемороне, ки барои табобат ба кишварҳои хориҷӣ мерафтанд, кам гаштанд. Дар баробари ин, онҳо изҳор намуданд, ки вазирро зарур аст, раванди муҳоҷирати духтурони касбиро боздорад. Ҷамолиддин Абуллозода доктори илмҳои тиб, профессор аст.

Агар назари дигаре доред, нависед! Дар ҷамъбаст онро ба эътибор мегирем. Овози шумо дастгирии соҳаи тандурустӣ дар Тоҷикистон аст.

Шералӣ КАБИР, вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ӯ замони фаъолияташ дар ширкати “ТАЛКО” худро ҳамчун менеҷери муваффақ муаррифӣ кард. Ташаббускор, сермаҳсул аст. Таҳсилкардаи мактаби Аврупо аст, дониши хуби молиявӣ дорад. Миёни вазирон дар пешниҳодҳои идеяҳои тоза ба тоза пешоҳанг, шояд ягона бошад. Ӯ ваъда додааст, ки то охири сол дар Тоҷикистон 103 корхона ва 139 коргоҳ сохта, ба истифода медиҳад. Бахши умдаи ин коргоҳҳои истеҳсолӣ ба истихроҷи маъдану филизоти ранга марбут аст.

Ӯ дар ҷаласаи парлумон изҳор доштааст, ки саноатчиёни мамлакат “Барномаи саноатикунонии босуръати Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025”-ро таҳияву пешниҳод намуданд, ки он бо қарори Ҳукумат тасдиқ шудааст. Дар натиҷаи амалишавии марҳилаи якуми “Барномаи саноатикунонии босуръат” ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бо нархҳои дурнамо аз 27,6 миллиард сомонии соли 2019 то ба 69,9 миллиард сомонӣ дар соли 2025 расонда шуда, суръати афзоиш аз 113,6 дарсади соли 2019 то ба 253,3 дарсад дар соли 2025 мерасад.

Чанд рӯз пеш барои ҷалби сармоя ба Русия ҳам сафар дошт ва дар як конфронси сатҳи байналмилалӣ иштирок ва суханронӣ кард. Овози шумо ба ҷонибдории Шералӣ Кабир дастгирии рушди саноат дар кишвар аст.

Ширин АМОНЗОДА, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ширин Аминзода аз ҷумлаи вазирбонувонест, ки ҷомаи мардӣ ба тан кардааст. Ӯро ба мардум наздик медонанд, ҳарчанд аз матбуот дурӣ меҷӯяд. Либоспӯшиаш башорат аз лаҳни демократии муносибаташ бо мардум медиҳад. Аввали фаъолият дар мақоми вазирӣ ӯ чун дарёи “Зарафшон” пурхурӯш буд, вале баъдан ором чун дарёи Сир шуд. Бастани як қатор созишномаҳо барои бо кор таъмин кардани муҳоҷирони меҳнатӣ дар кишварҳои хориҷӣ иқдоми сарвақтӣ аз ҷониби мавсуф аст.

Шояд як сабаби аз ҷониби респондентҳо дар марҳилаи аввал пазируфтани вай дар ҳамин бошад. Як хонандаи “Тоҷикистон” ӯро “зани отифа, заҳматкаш ва хушмуомила” ном бурдааст. Вазорате, ки ӯ сарварӣ мекунад, соҳаҳои мухталиф ва вазнинро дар ҷумҳурӣ фаро мегирад. Бори он ҳарчанд барои ҷисми як зани маҳин гарон аст, вале ӯ бо матонат ва ҷасорат онро пеш мебарад. Ӯро респондентҳо вазири шоиста медонанд. Вале шоистагии бештари ӯро овоздиҳии online нишон хоҳад дод. Овози шумо ба тарафдории Ширин Аминзода дасгирии як бонувазири тоҷик аст!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

76 шарҳ вуҷуд дорад
  1. Pingback: “Рейтинг – 2021”: Ғолибон муайян шуданд — Home

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *