Рекорди қабули донишҷӯён дар ДБССТ бо 270 шарики хориҷӣ

Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар шаш моҳи аввали соли 2025 ба дастовардҳои назаррас ноил гашта, теъдоди донишҷӯёни навқабулро ба маротиб афзоиш додааст. 

Ба иттилои ректори донишгоҳ Убайдулло Асрорзода, дар даври якуми қабули имсола 3235 донишҷӯ ба донишгоҳ дохил шудаанд. Ин панҷ маротиба бештар аз хатми донишҷӯён дар соли ҷорӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки ҳоло беш аз 15 ҳазор донишҷӯ дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон ва зерсохторҳои он таҳсил мекунанд. Донишгоҳ дорои се донишкада дар Хуҷанд, Левакант ва Данғара, ду коллеҷ ва чор литсейи касбӣ мебошад, ки дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд ва Левакант фаъолият доранд.

Дар самти робитаҳои байналмилалӣ, донишгоҳ бо 28 муассисаи таҳсилоти олӣ ва марказҳои илмӣ аз кишварҳои Индонезия, Корея, Чехия, Эстония, Чин, Гурҷистон, Русия ва Ӯзбекистон созишномаҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.

Ба гуфтаи ректор, шумораи умумии шартномаҳои амалкунанда бо шарикони хориҷӣ ҳоло ба беш аз 270 адад расидааст. Ин иқдомҳо, ба гуфтаи масъулин, бо мақсади таҳкими сифати таҳсилот, мубодилаи таҷриба ва тавсеаи имкониятҳои таҳсилу таҳқиқоти байналмилалӣ амалӣ мешаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *