Ғоратгарон чандин гову гусфандро дар ду моҳ обу лой карданду акнун ҷавоб мегӯянд

Кормандони мақомоти милитсия дар вилояти Хатлон се нафар сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхиро  ҳамчун гумонбар дар дуздидани чорвои мардум дастгир карданд.

Тавре сухангӯи РВКД дар вилояти Хатлон Офоқ Қодириён хабар медиҳад, дар асоси аризаҳои шаҳрвандон оиди аз тарафи шахсони номаълум дуздида шудани чорвоҳояшон, аз чониби кормандони шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ
Шаҳрвандон Раҷабов Заровиддин, соли таваллудаш 1989, Ғиёсов Мирзораҳим, соли таваллудаш 1984 ва Сафаров Тоҳир, соли таваллудаш 1989 дар 7 ҳолати дузии чорвоҳои сокинони ноҳия даст доранд.

Ин се нафар бо маслиҳати пешакӣ дар муддати моҳҳои ноябр ба декабри соли 2020 аз заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии сокинон ва манзилҳои истиқоматиашон чорвоҳои калони шохдорро тасарруф намуда, фурӯхта, маблағҳои ба даст овардаашонро ба фоидаи худ сарф кардаанд, ки бо ин кирдори ҷинояткоронаашон ба ҷабрдидагон зарари калони молӣ расонидаанд.

Айни замон вобаста ба далелҳои мазкур нисбати гумонбаршудагон дар шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар ноҳияи Ҷ.Балхӣ парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *