Рӯзнома зиёд, "Тоҷикистон" яктост!

Мушкилоти марзӣ дар суҳбати Раҳимзода ва Ниязбеков

Масъалаи ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистонро Рамазон Раҳимзода ва  Улан Низябеков муҳокима карданд.

Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ду кишвар дар вилояти Суғд, миёни сарони Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Қирғизистон Рамазон Раҳимзод ва Улан Ниёзбеков баррасӣ шуданд.

Дар ҷараёни суҳбат маҷмӯи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи мақомоти корҳои дохилии ду кишвар баррасӣ шуд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки ба таҳкими амният ва субот дар минтақаҳои наздимарзии вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон мусоидат кунанд.

Вазирон махсусан ба муҳокимаи масъалаҳои тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, ҷинояткории наздимарзӣ тамаркуз карданд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 93-111-08-61


Шарҳ

Аввалин шуда шарҳи худро гузоред!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.