РОҲИ ҲАЛЛИ МУНОҚИША ВУҶУД НАДОРАД?
Ба назар мерасад, ки ба ҳамаи ин талошу ҳаракатҳо ва ҳам эълонҳои оташбасу коҳиши таниш сокинони маҳаллӣ эътимоди зиёд надоранд. Чун ҳеҷ як мувофиқаҳои гузашта умри дароз надоштааст.
Муноқишаи хунин ва эълони оташбас дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, рӯзи 29-уми апрел, яке аз пуршиддаттарин ихтилофҳо дар ин қаламрав баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ будааст.
Дар миёни сокинони ду тарафи марз солҳо боз ихтилофу таниш вуҷуд дошт ва гоҳ-гоҳе ба занозаниву сангандозӣ ва тирандозӣ кашида мешуд, вале истифодаи норинҷаку васоили дигари низомӣ ба ҳадде, ки рӯзи панҷшанбе дида шуд, бесобиқа будааст. Дар пайи низои охир аз ҳарду тараф на камтар аз 170 кас захмӣ шуда, беш аз 40 нафар ҳалок шудаанд.
Сабаби сар задани низои охир чӣ буд?
Ҳодисаҳо 28-уми апрел дар байни Кок-Тоши Қирғизистон ва Чоркӯҳи Тоҷикистон шуруъ шуд. Ин макон ҳанӯз моҳи январи соли 2013 шоҳиди низое бо иштироки ҷавонони Чоркӯҳи Тоҷикистон гардид ва аз он замон то кунун ба унвони як нуқтаи ҳассос мемонад.
Рӯзи 29-уми апрел оташи ихтилофҳо доғтар шуд ва, бино ба гузоришҳо аз Қирғизистон, нирӯҳои Қирғизистону Тоҷикистон даст ба табодули оташ заданд. Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон гуфт, ки ҷониби Тоҷикистон аз мусалсал ва хумпора (пулемёту миномёт) истифода кард.
Тасдиқи ин иддао тавассути манобеи мустақил имкон надорад, вале дар ҳодисаҳои январи соли 2014 ва моҳи майи соли 2020 ҳам хабар дода буданд, ки нирӯҳои Тоҷикистон дар низоъҳои марзӣ аз хумпора истифода кардаанд.
Як вижагии ҳодисаи охир ин аст, ки ин навбат даргириҳо на танҳо дар як нуқтаи марзӣ, балки дар гӯшаҳои дигари баҳсӣ ҳам мушоҳида шуд.
Тибқи гузоришҳои нирӯҳои амниятии Тоҷикистон, онҳо назорат бар манотиқи атрофи Ворух ва роҳ ба сӯи Тоҷикистонро ба дасти худ дароварданд. Деҳаҳои қирғизии атрофи ин роҳ беодам буда, бисёр хонаву фурӯшгоҳ ва мошинҳо оташ зада шудаанд. Бисёре аз сокинони маҳаллӣ, ки маконҳои зисти худро тарк кардаанд, ба шаҳри Бодканд, маркази вилоят интиқол дода шуданд.
КДАМ-и Қирғизистон гуфт, нирӯҳои Тоҷикистон ба се посгоҳи марзӣ — Қапчагай, Минбулоқ, Дустук ва гузаргоҳҳои марзӣ дар Қоҷогар ва Булак-боши ҳамла карданд. Тибқи гузоришҳо, посгоҳи марзии Дустук оташ зада шуд.
Вазорати тандурустии Қирғизистон гуфт, дар даргириҳои охир 31 шаҳрванди ин кишвар кушта, 154 нафар, аз ҷумла 23 низомӣ захмӣ шуданд. Мақомот дар вилояти Бодканд рӯзи 30-юми апрел феҳристи қурбониҳо, аз ҷумла як сарбоз ва ду капитани нирӯҳои мусаллаҳи Қирғизистон, инчунин, номи як духтари 12-соларо нашр карданд. Полиси Бодканд гуфт, 13,5 ҳазор нафар, аксар занону кӯдаконро аз ин минтақа ба ҷойи дигар кӯчониданд ва ду нафар бедарак ба ҳисоб мераванд.
Аксҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ хонаҳои сӯхта дар минтақаҳои қирғизӣ ва саҳнаи тарки маконҳои зист кардани садҳо сокини маҳаллиро намоиш медиҳанд.
Тоҷикистон, ки иттилоъ дар ин кишвар таҳти назорати шадид аст, мақомот дар давоми рӯзҳои низоъ дар марз барои нашри хабарҳо дар бораи осебдидаҳо шитоб накарданд. Дар изҳороти субҳи 29-уми нирӯҳои марзбонии ин кишвар гуфта шуд, ки ду нафар маҷруҳ шуда, ба беморхона интиқол дода шуданд ва дар даргириҳо ҳафт нафар захмӣ шуд.
Вале, бино ба иттилои хабарнигорони Радиои Озодӣ, дар як шабонарӯзи гузашта дар даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон, дастикам 12 нафар, аз ҷумла чаҳор афсари нирӯҳои марзбонӣ кушта шуда, даҳҳо нафар маҷрӯҳ гардиданд. Хабаргузории «Азия-Плюс» бо такя ба манбаъҳояш дар ҳукумати Исфара гуфт, шумори маҷрӯҳон беш аз 90 нафар мебошад.
Яке аз маҷрӯҳон раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода аст, ки дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рӯзи 30-юми апрел гуфт, аз китфаш ҷароҳат бардоштааст. Хабарнигори Радиои Озодӣ аз Исфара хабар дод, ки дар миёни маҷруҳон сокинони деҳаи Хоҷа Аъло ва ҷамоати Ворух ҳам ҳастанд. Ба иттилои ӯ, ҳеч табиби бемористон барои суҳбати расмӣ омода нашуданд.
Рӯзи 29-уми апрел вазирони умури хориҷии Қирғизистон ва Тоҷикистон дар суҳбати телефонӣ ба оташбас розӣ шуда гуфтанд, ки нирӯҳои ҳарду кишвар бояд ба мавқеъҳои доимиашон баргарданд ва ин низоъ бояд танҳо аз роҳи дипломатӣ ҳалли худро пайдо кунад. Рӯзи 30-юми апрел бисёре аз роҳбарони кишварҳои минтақа, аз ҷумла Узбекистону Қазоқистон ва Русия, инчунин, Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳоди Аврупо бо изҳори нигаронӣ аз бурузи низоъҳо дар марз ба ҳалли мусолиматомез ва дипломатии ихтилофҳо даъват карданд.
Ҳодиса аз куҷо шуруъ шуд?
Низои охир баъд аз он сар зад, ки як гурӯҳи хурди шаҳрвандони Тоҷикистон рӯзи 28-уми апрел хостанд, дар Маркази обтақсимкунии «Головной» дар марзи Чоркӯҳу Кок-Тош дастгоҳҳои наворбардорӣ насб кунанд. Ин марказ обро ба каналҳои обгузари Қирғизистон ва Тоҷикистон тақсим мекунад.
Шаҳрвандони Қирғизистон ба ин кор мухолифат карданд ва гуфтугӯҳои хашин бо тоҷикистониҳо ба сангандозии миёни сокинони деҳоти қирғизии Кок-Тош ва тоҷикии Хоҷа Аъло сабаб шуд.
Полиси Қирғизистон дар вилояти Бодканд шаҳрвандони Тоҷикистонро дар тавсеаи низоъҳо гунаҳкор карда, гуфт, ҷониби Тоҷикистон аввал ба посгоҳи низомие дар деҳаи Кок-Тош тир холӣ кард. Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон иттиҳомоти ҷониби Қирғизистонро рад карда, гуфтанд, ки низомиёни қирғиз аввал ба сӯи марзбонони тоҷик дар назди маркази “Головной” оташ кушоданд.
Тоҷикистон мегӯяд, нуқтае, ки дар он маркази обтақсимкунӣ ҷойгир аст, ба ҳудуди Тоҷикистон дохил мешавад.
Аз 17-уми апрел, замоне ки коргарон аз Қирғизистон бо корҳои таъмир дар ин марказ машғул шуданду тоҷикистониҳо бо сабаби аз пеш огоҳ накардани онҳо ба ин кор мухолифат нишон додаанд, вазъ дар ин марказро назорат мекарданд.
Он замон ҷониби Тоҷикистон ҳодисаро шарҳ надод, вале мақомоти Қирғизистон ба расонаҳои ин кишвар гуфтаанд, ки «рӯзи 17-уми апрел кормандони Идораи оби Бодканд дар ҷамоати Оқсой бозсозии маркази асосии обтақсимкунӣ дар дарёи Оқсуро оғоз карданд, аммо марзбонони тоҷик талаб кардаанд, ки корро қатъ кунанд.» Бо ин ки корҳои таъмир дар ин макон хотима дода шуд, як далели дигари шурӯи низои ду ҳафта баъд гардид.
Дар ин хатти марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон эътимод ба ҳамдигарӣ дар сатҳи поин қарор дорад ва ҳама гуна талоши сохтмон ва ё таъмири роҳу дигар зербиноҳо бо эътирозу норизоияти анбӯҳи мардум рӯ ба рӯ мешавад ва дар натиҷа корҳо қатъ мегардад.
Дар миёни сокинони маҳаллӣ аз ҳарду тарафи ҷамоати Ворух, бахусус ба ҳангоми корҳои сохтмонӣ дар роҳ шубҳаву нобоварӣ боло меравад. Ҳар лаҳзае, ки ҷониби Қирғизистон корҳои сохтмониро дар ин минтақа шуруъ мекунад, сокинони Ворух бо изҳори нигаронӣ мегӯянд, ки хатари баста шудани роҳи калони онҳо бо дигар манотиқи Тоҷикистон вуҷуд дорад.
Сокинони Ворух аз ин назар ҳамеша ҳушёранд ва талош мекунанд, ки пеши роҳи ҳама гуна корҳоро бигиранд. Ҳама гуна кор дар макони захираҳои обие ба мисли каналу марказҳои тақсимкунии об бо вокуниши монанд аз ҷониби муқобил рӯ ба рӯ мешавад.
Ҳамонгуна, ки журналистони Радиои Озодӣ шоҳид шуданд, 29-уми апрел роҳ ба сӯи Ворух баста буд, вале 30-юми апрел барои убур бо таксиву мошинҳои сабук боз шуд. Чанд рӯз пеш аз даргириҳо мақомоти Қирғизистон эълон карданд, ки ният доранд, дар саргаҳи дарёчаи Козу-Баглан, ки дар Тоҷикистон Хоҷабоқирғон ном дорад, обанбор бисозад ва он барои ҳарду кишвар об тақсим хоҳад кард. Тоҷикистон ҳамон замон ба ин барномаҳо мухолифат кард ва гуфт, ки чунин обанбор метавонад, монеи таъмини об дар чанд навоҳии вилояти Суғд шавад.
Минтақаи марзии мазкур аз он назар бисёр ҳассос аст, ки мардуми ҳарду тарафи марз даҳсолаҳо дар шароити номуайянии сарҳад ба сар мебаранд, чун пеш аз ин қаламравҳо моли Иттиҳоди Шӯравӣ ба ҳисоб мерафт.
Марзе, ки қарнҳо пеш вуҷуд надошт, дар давраи Шӯравӣ пайдо шуд ва баъд аз пош хӯрдани давлати калон, ба сарҳади ҷумҳуриҳои мустақили Тоҷикистону Қирғизистон табдил гашт. Аксари ин қаламравҳои марзӣ роҳу дарёҳо буда, аз 970 километр марзи ду кишвар танҳо 504 километр аломатгузорӣ шуда, боқимондааш қаламравҳои баҳсӣ мемонанд.
Зимнан, дар водии Фарғона ин танҳо нуқтаи баҳсӣ нест ва баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ нуқтаҳои дардноки даъвоӣ дар ҳудудҳои дигари марзии миёни Қирғизистону Тоҷикистон ва Узбекистон ба вуҷуд омадаанд. Давоми қариб 30 сол пас аз фурӯпошии Шӯравӣ миёни ҳукуматҳои ду кишвар музокирот сари аломатгузории марзи бо суръати кунд идома кардааст. Ахиран президенти Қирғизистон Содир Ҷабборов ошкор кард, ки мехоҳад музокираҳоро суръат бахшад ва дар садади анҷоми баҳсҳои марзӣ бо Узбекистону Тоҷикистон мебошад.
Дар Қирғизистон Хадамоти марзбонӣ як бахши КДАМ мебошад. Раҳбари ин ниҳод Қамчибек Тошиев дар охири моҳи март ишора кард, ки созиши марзӣ бо Тоҷикистон метавонад бо табдили қаламравҳо, аз ҷумла гуё ба ихтиёри Қирғизистон гузаштани ҷамоати Ворух анҷомад.
Ин изҳорот дар Тоҷикистон бисёриҳоро ба хашм овард ва дар пайи ин ҷониби Тоҷикистон иддао кард, ки на танҳо Ворух, балки заминҳои атрофи он ҳам таърихан моли тоҷикҳо мебошанд. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 7-уми апрел дар як сафари камсобиқааш ба Ворух гуфт, дар заминаи гуё табодули қаламравҳо ва ба ихтиёри Қирғизистон гузаштани Ворух ҳеҷ гуна баҳсу баррасӣ вуҷуд надорад.
28-уми апрел, замоне ки дар марзи Қирғизистон беназмиҳо сар зад, Тошиев дар кишвар набуд. Мақомот гуфтанд, ӯ як рӯз пеш ба хориҷа барои муолиҷа рафтааст.
Роҳи муносиби бурунрафт аз бӯҳрон вуҷуд надорад
Пеш аз низои охир ҳам мизони нобоварӣ дар миёни ҷомеаҳои ду тарафи марз баланд буд. Дар давоми 15 соли охир ин минтақа шоҳиди хушунатҳои ҷудогонае будааст, ки гоҳ-гоҳе сари баҳси дастрасӣ ба обу замин ва чарогоҳҳо сар мезад.
Дар оғоз ихтилофҳои лафзӣ ва сангпартоӣ ба сӯи якдигар ва ё мошинҳо, манъ кардани ҳаракати мошинҳо дида мешуд ва тадриҷан ба хароб кардани хонаҳои ҳамдигар гузашт. Дар минтақа шумори низомиён ва полис ба таври қобили мушоҳида зиёд шуд ва бо гузашти вақт, ба ҳангоми низоъҳо аз силоҳ ҳам истифода карданд.
Мисле, ки дар гузашта ҳам буд, баробари сар задани низоъ мақомоти ҳарду кишвар ба ҷои ҳодиса шитофтанд, сари мизи гуфтушунид нишаста, тадбирҳои коҳиши танишро рӯи даст гирифтанд. Онҳо ваъда доданд, ки нирӯҳояшон аз силоҳ истифода нахоҳанд кард ва ҳам намояндаҳои ҳукуматро барои суҳбат ва ором кардани мардум сафабар карданд.
Дар минтақа назорати муштараки марзӣ амал мекунад, мардуми ҳарду тараф дар ҷашну сурҳо ва маросими ҳамдигар сари як дастурхон ҷамъ меоянд, мулоқоти мақомоти маҳалливу минтақавии ҳамдигар барпо мешавад. Вале ба назар мерасад, ки ба ҳамаи ин талошу ҳаракатҳо ва ҳам эълонҳои оташбасу коҳиши таниш сокинони маҳаллӣ эътимоди зиёд надоранд. Чун ҳеҷ як мувофиқаҳои гузашта умри дароз надоштааст.
Бадтарин таҳаввул ин аст, ки мизони ихтилофҳо то ба истифодаи силоҳ расида, ҳама гуна низои эҳтимолии ояндаро метавонад аз гузашта бадтару сангинтар гардонад.
Брюс Паннир, таҳлилгар, “Озодӣ”
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ