Русия гирифтани шаҳрвандиро барои муҳоҷирон душвор кард
Думаи давлатии Русия як роҳи гирифтани ҳаққи иқомат дар Русияро мушкилтар кард.
Дума дар қироати аввал тарҳеро қабул кард, ки ҳадафи он бар зидди издивоҷҳои қалбакӣ бо хориҷиён аст.
Лоиҳаи қонун мӯҳлати ҳадди ақал ду солро барои издивоҷи шаҳрвандони хориҷӣ бо шаҳрванди Федератсияи Русия барои гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ тибқи тартиби соддакардашуда муқаррар мекунад.
То ин вақт баъзе аз муҳоҷирон баъди издивоҷ бо шаҳрвандони Русия, соҳиби ҳаққи иқомат ва ба дунболи он шиносномаи русӣ мегирифтанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ