Сӯхтор дар бозори “Ҳоҷӣ Шариф”
Шаби 1-ум ба 2-юми июли соли равон, дар Бозори “Ҳоҷӣ Шариф”-и шаҳри Бохтар сӯхтор сар задааст. Ҳунӯз сабаби оташсӯзӣ маълум нест.
Шоҳидони ҳодиса мегӯянд, ки сӯхтор дар растаи якуми бозори мавриди назар сар задааст.
Хадамоти оташнишонии вилояти Хатлон дар якҷоягӣ бо оташнишонҳои шаҳру ноҳияҳои атрофи шаҳри Бохтар бо истифода аз мошинҳои сӯхторхомӯшкунӣ дар ҳол ба ҷойи ҳодиса расида, сӯхторро пурра хомӯш карданд.
Хушбахтона, дар ин оташсузӣ талафоти ҷонӣ нест ва ҳанӯз сабабу зарари сӯхтор маълум нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ