Сабтиноми шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор дар Корея

Мақомоти Тоҷикистон аз оғози сабти номи шаҳвандон барои кор ба Кореяи Ҷанубӣ хабар медиҳанд. Дар ин бора  Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.

Мақомот навиштаанд: “Муассисаи давлатии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки бақайдгирии хоҳишмандон барои бокортаъминкунӣ дар Корея ҷанубӣ тибқи низоми EPS topik ба роҳ монда шудааст”.

Талаботи иштирок:

– донистани забони кореягӣ тибқи низоми EPS topik;

– синну сол аз 18 то 38 сола;

– надоштани доғи судӣ;

– надоштани  ихроҷшавӣ (депортация) аз Корея;

 Нафароне, ки тибқи талаботи низоми EPS topik мехоҳанд барои муҳоҷирати меҳнатӣ ба Корея раванд  вале забони кореягиро намедонанд, дар агентӣ барои омузиши забони кореягӣ тавсияҳои муфид пешниҳод карда мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *