Сада-рамзи рӯшноӣ, гармӣ, шодию хурсандӣ, сулҳу осоиш ва пайванди инсон бо табиат

Имрӯз, 31 январ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни бостонии Сада мардуми кишварро табрик намуданд.

Дар паёми табрикотӣ таъкид гардид, ки ҷашни Сада яке аз меросҳои арзишманди фарҳангии ниёгони тоҷик буда, рамзи рӯшноӣ, гармӣ, шодию хурсандӣ, сулҳу осоиш ва пайванди инсон бо табиат мебошад. Зикр шудаат, ки ин ҷашни бостонӣ дар замони соҳибистиқлолӣ аз нав эҳё гардида, имрӯз ба ҷашни умумимиллӣ табдил ёфтааст.

Президенти кишвар ҳамчунин ба ворид гардидани ҷашни Сада ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО дар соли 2023 ишора намуда, онро мояи ифтихори миллати тоҷик арзёбӣ кардаанд.

Дар паём Сада ҳамчун ҷашни деҳқонон ва рамзи оғози омодагӣ ба корҳои кишоварзӣ арзёбӣ шуда, аҳамияти таъмини амнияти озуқаворӣ, ободонӣ, покизагӣ ва таҳкими сулҳу ҳамбастагӣ махсус таъкид гардид.

Дар фарҷом Пешвои миллат кулли мардуми кишварро ба муносибати ҷашни Сада муборакбод гуфта, ба ҳар як хонадони тоҷик сулҳу осоиш, бахту саодат ва файзу баракат орзу намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *