Садама дар роҳи Душанбе-Чаноқ (аксҳо)

Имрӯз, 18 феврал дар километри 130-юми роҳи Душанбе-Чаноқ автомобили тамғаи “ДАФ”, ки барои интиқоли гази моеъ пешбинӣ шудааст, ба садама дучор шуд.

Дар ин бора бо нашри чанд акс Ширкати «IRS» иттилоъ додааст.

Тибқи хулосаи пешакӣ, сабаби ба вуҷуд омадани ҳолати мазкур аз уҳдаи идораи нақлиёт набаромадани ронанда арзёбӣ мешавад.

Хушбахтона, бар асари ин ҳодиса талафоти ҷонӣ нест ва ҳаракати нақлиёт низ дар масири мазкур қатъ нагардидааст.

Ба макони садама кормандони Хадамоти оташнишонӣ сафарбар шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *