Сафина: Рӯйхати сиёҳ надорем

Носир Саидов, директори телевизиони “Сафина” мегӯяд, ки муассисаи тобеъи ӯ “рӯйхати сиёҳ” надорад ва ҳамаи сарояндагони тоҷик ҳуқуқи баромад карданро тариқи ин телевизиони фарҳангӣ, доро ҳастанд. Ин нуктаро Носир Озодович зимни нишасти матбуотии ниҳоди  тобеъаш, имрӯз дар шаҳри Душанбе баён намуд.

“Шумо кадом сарояндаро мешиносед, ки дар телевизиони “Сафина” надида бошед. Мо ба ҳама дар эфири худ вақт ва имконият медиҳем, муҳим ки ин шахсиятҳо ва асарҳояшон арзанда бошад. Ҳатто он нафароне, ки ба телевизионҳои дигар роҳ намеёбанд, дар барномаҳои мо ҳамеша ширкат мекунанд”, — гуфт номбурда.

Ҳамчунин, дар мавриди пахши сурудҳои сарояндагон Носир Саидов гуфт, ки шӯрои бадеии телевизиони “Сафина” дар интихоби сароянда ва суруд хеле сахтгир ҳастанд.

“Ба эфири мо суруди пастсифат ва сарояндаи беистеъдод роҳ намеёбад ва шӯрои бадеии телевизиони “Сафина” қабл аз пахш сурудҳоро назорат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *