Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон аз шаҳрвандон хост Эронро тарк намоянд
Дар пайи оғози амалиёти низомӣ алайҳи Ҷумҳурии Исломии Эрон ва афзоиши ташаннуҷ дар минтақа, Сафорати Тоҷикистон дар Теҳрон ба шаҳрвандони кишвар, ки дар қаламрави Эрон қарор доранд, муроҷиат кардааст.
Дар баёнияи расмӣ таъкид мешавад, ки шаҳрвандон бояд оромиро нигоҳ дошта, ҳушёр бошанд ва пайваста иттилооту дастурҳои сафорат ва мақомоти Эронро пайгирӣ намоянд. Ҳамчунин аз онҳо хоста шудааст, ки аз ҳузур дар наздикии иншооти ҳарбӣ ва давлатӣ худдорӣ карда, аз аксбардорӣ ва наворбардорӣ дар ҳудуди кишвар парҳез намоянд.
Сафорат ба шаҳрвандон тавсия додааст, ки бо истифода аз имконоти дастрас ҳарчи зудтар Эронро тарк кунанд.
Намояндагии дипломатӣ изҳор доштааст, ки фаъолияташ дар низоми муқаррарӣ идома дорад ва барои мусоидат дар масъалаҳои марбут ба хориҷшавии шаҳрвандон омодаи кӯмак мебошад.
Телефонҳои тамос:
+98 (021) 22 29 95 84
+98 (021) 22 83 46 50
+98 936 325 31 47
+98 910 451 98 15
+98 937 974 35 08
+98 930 433 42 34
📱 Pressa.tj
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ