Самарқанд «шаҳри миллионнафара» мешавад
Мақомоти Узбекистон тасмим гирифтаанд ноҳияи Самарқандро ҳамчун воҳиди маъмурӣ барҳам дода, ҳудуди шаҳри Самарқандро ба таври ҷиддӣ васеъ кунанд. Ин масъала 12 январ дар ҷаласаи Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон (ЎзЛиДеП) дар Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис баррасӣ шудааст.
Нашрияи «Овози Самарқанд» менависад, ин иқдом дар доираи барномаи табдил додани Самарқанд ба «шаҳри миллионнафара» амалӣ шуда, ба рушди сохтмон, инфрасохтор ва беҳбуди шароити зиндагии аҳолӣ равона гардидааст.
Тибқи лоиҳа, пас аз тағйири сарҳадҳо масоҳати шаҳри Самарқанд аз 11,8 ҳазор гектар то 28,9 ҳазор гектар афзоиш меёбад. Ба гуфтаи ташаббускорон, ин васеъшавӣ барои ҷалби сармоягузориҳои нав ва татбиқи лоиҳаҳои бузург, аз ҷумла иншооти сайёҳӣ, аквапаркҳо, боғҳои истироҳатӣ, минтақаҳои сабз ва логистикӣ замина фароҳам меорад.
Қаблан, 25 ноябри соли 2025, президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев эълон карда буд, ки 17,5 ҳазор гектар замин аз ноҳияҳои Оқдарё, Пайариқ, Пастдарғам, Тойлоқ ва ноҳияи Самарқанд ба ҳудуди шаҳр ҳамроҳ карда мешавад. Дар натиҷа, шумораи аҳолии Самарқанд аз 604 ҳазор то 882 ҳазор нафар хоҳад расид.
Ба иттилои манбаъ, идеяи табдил додани Самарқанд ба «шаҳри миллионнафара» бори аввал соли 2021 матраҳ шуда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ