Саразм: Дастур ба масъулин вобаста ба одоби муошират ҳангоми вуруду хурӯҷи сайёҳон

Гуруҳи кории Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати ҶТ аз гузаргоҳи сарҳадии Саразм дар шаҳри Панҷакенти вилояти Суғд дидан кард.

Бино ба иттилои Кумита, ба масъулин вобаста ба одоби муошират ва хизматрасонӣ ҳангоми вуруд ва хурӯҷи сайёҳон, пешниҳоди иттилооти саҳеҳ вобаста ба будубош дар кишвар дастуру тавсияҳои мушаххас дода шудааст.

— Гуруҳи кории байниидоравӣ фаъолияти худро дар муосиргардонии нуқтаҳои қабули сайёҳон, хизматрасонии дуруст ба сайёҳони дохиливу хориҷӣ, аз ҷумла дар фурудгоҳҳои дорои аҳамияти байналмилалию маҳаллӣ ва гузаргоҳҳои сарҳади давлатӣ пеш мебарад. Гуруҳи кории байниидоравӣ бо мақсади беҳтар намудани хизматрасонии сайёҳӣ дар мавсими зимистон ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ низ сафарбар карда мешавад,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *