Сарвазири Тоҷикистон ба эрониён изҳори таслият баён намуд
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ба Сафорати Эрон дар Душанбе рафта, аз номи ҳукумати кишвар ба мардуми Эрон изҳори ҳамдардӣ кард.
Дар пайи кушта шудани Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон ва чандин мақомдорону шаҳрвандони ин кишвар дар ҳамлаҳои Амрико ва Исроил, имрӯз дар Сафорати Эрон дар Душанбе “Дафтари ёдбуд” боз шудааст.
Сарвазири Тоҷикистон зимни ҳузур дар сафорат ба мардуми Эрон изҳори таслият намуда, матни ҳамдардии худро дар “Дафтари ёдбуд” сабт кард.
Ҳоло шаҳрвандони Тоҷикистон ва инчунин дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ барои изҳори ҳамдардӣ ба Сафорати Эрон меоянд. Гуфта мешавад, маросими имзогузорӣ дар “Дафтари ёдбуд” то соати 16:30 идома хоҳад кард.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ