Савригул Қурбонова: Шавҳарам бедарак аст…

Савригул Қурбонова, ҳунарманди синамо маъруф бо Санам  дар мусоҳиба бо  “Оила” доир ба рашки шавҳар, тавлиди филми овозадори “Муҷассамаи ишқ”, говҷӯшӣ, таппаккунӣ ва муфлисшавию ғайбзании шавҳараш ҳарф задааст.

Савригул Қурбонова дар мавриди қабули нақши Санам дар филми “Муҷассамаи ишқ” ва бадрашкии шавҳараш чунин гуфтааст: “Маро чанд маротиба ба кино даъват карда буданд, вале розигӣ надодам. Шавҳарам бисёр марди бадрашк буданд ва ман намехостам, ки чеҳраам дар кино пайдо шуда, боиси норозигии падари фарзандонам гардад. Ростӣ, ҳеҷ намедонам офарандагони ин филм ба ӯ чиҳо гуфтанд, ки ҳамсарам розӣ шуд ва ман бозидани нақши Санамро бар дӯш гирифтам.

Филми “Муҷассамаи ишқ” таҷассумгари ҳаёти як зани деҳотӣ аст ва дар суҳбати мазкур “Санам” доир ба аз ӯҳдаи говҷӯшӣ, таппаккунӣ  ва дигар кору бори маъмулии занони деҳа баромадан гуфтааст, ки дар умрам ягон бор гов наҷӯшидаам.

Ба гуфти Савригул, шавҳараш як марди сарватманд ва тамоми бори зиндагиро ба дӯши худ гирифта, барои оилаву фарзандонаш як зиндагии шоҳонаро фароҳам оварда буд.   Ҳатто зани хонадон намедонист, ки нархи гӯшт дар бозор чанд  аст ва пули обу барқро дар куҷо месупоранд. “Вале чӣ шуду чӣ монд, ки якбора муфлис-бонкрот шуда монд. Вақте ки тамоми боигариашро аз даст дод, зиндагӣ барои ӯ маънояшро гум кард. Русия меравам гуфта, бо мо хайрухуш карду бо ҳамин дигар аз ӯ хату хабар нашуд. Чандин сол боз бедарак аст”, -илова кардааст ҳунарманд Савригул Қурбонова.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *