Сайдуллои Амин тарки дунё кард

Достонсарои тоҷик Сайдуллои Амин шаби 7 феврал дар синни 79 дар зодгоҳаш – ноҳияи Қубодиён аз олам чашм пӯшид. Сайдуллои Амин 7 декабри соли 1940 дар деҳаи Гузари Болои ноҳияи Қубодиён ба дунё омада, тамоми умр дар Қубодиён зиндагӣ ва эҷод кардааст.

Сайдуллои Амин бештар дар мавзӯъҳои таърихӣ шеъру достон менавишт, ки маъруфтаринҳояш «Абӯмуслимнома”, «Достони анбарфурӯши ҳиротӣ”, «Тахти Қубод”, «Тахти Сангин”, «Спитамон” аст. Ӯ ҳамчунин муаллифи чандин китоби шеър, ба мисли «Чаҳорҷӯи мавзун”, «Чаҳорбарга”, «Ғазалиёти муосири Қубодиён” ва «Роғун” буд. Ҷанозаи Сайдуллои Амин рӯзи 7 феврал, баъди намози пешин дар Қубодиён ба хок супурда мешавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *