Семён Вячеславович Григорев — сафири нави Русия дар Тоҷикистон?

Имрӯз мулоқоти хайрбодии сафири фавқулодда ва мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин Фролов баргузор гашт.

Мавсуф изҳор намуд, ки дар тӯли 9 соли фаъолият ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон ин кишварро ҳамчун ватанаш дӯст дошт ва дар густариши муносибатҳои иқтисодӣ, сиёсӣ, низомӣ, фарҳангӣ кӯшиш кард нақши баргузидае дошта бошад.

Ба саволи хабарнигори Pressa.tj “Тӯли ин солҳо чӣ чиз бароятон хотирмон буд?”, ӯ изҳор намуд, ки “лаҳзаҳои ҳассос ва хотирмон зиёд буданд. Аз ҷумла, мулоқотҳо ва суҳбатҳои роҳбарони ду давлат Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон хеле пурсамар ва самимӣ сурат мегирифтанд”.

Игор Лякин Фролов чорабиниҳои тавассути сафорат дар ҷумҳурӣ баргузоргашта, фарогирӣ ва мавриди дастгирӣ қарор гирифтани раҳпаймоии “Полки абадӣ”-ро махсус таъкид намуд. Дар нишаст ба чорабиниҳои фарҳангӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардани Игор Лякин Фролов гувоҳӣ аз он медод, ки ӯ худ марди фарҳангист.

Ба саволи “Аз Тоҷикистон бо худ чӣ хотирот мебаред?”, мавсуф изҳор намуд, ки “Як ҷаҳон хотироти нек аз мардуми нексиришти тоҷик, меҳмоннавозӣ, дӯстӣ, табиати зебо ва муҳаббате, ки ман ба ин мардум ва сарзамин дар вуҷуди худ парвардам”.

Ба саволи “Оё фаъолияти дипломатиатонро идома хоҳед дод?”, Игор Лякин Фролов гуфт, ки аскари ватанаш аст ва ҳар чӣ дастур шуд, барои иҷрои он омода аст.

Ба саволи “Ҷойгузини ӯ ба ҳайси сафир дар Тоҷикистон кӣ хоҳад буд?”, изҳор намуд, ки дар ин маврид дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълумот ҳаст, вале ӯ то замоне, ки фармони Президент расонаӣ намешавад, чизе наметавонад гуфтан.

Шабакаҳои иҷтимоӣ чӣ мегӯянд? Онҳо мегӯянд, ки Семён Вячеславович Григорев дар Тоҷикистон сафири фавқулодда ва мухтор таъйин мегардад.

Дипломати рус Семён Вячеславович Григорев соли 1960 дар Маскав таваллуд шудааст. Соли 1983 факултети муносибатҳои байналмилалии МДҲМ-ро хатм кардааст. Соли 1983 ба вазифаи дипломатии Сафорати СССР дар Афғонистон таъин шуд.

Дар тӯли ин солҳо дар кишварҳои Ховари Миёна ва Осиё хидмати дипломатӣ дошта, ба ҳайси мушовири намояндагии САҲА дар Тоҷикистон кор кардааст.

Аз моҳи феврал то декабри соли 2008 дар вазифаи муовини директори департаменти чаҳоруми ИДМ-и Вазорати корҳои хориҷии Русия кор карда, масъалаҳои Абхозистон ва Осетияи Ҷанубиро назорат мекард.

Солҳои 1987-1990 дар вазифаи ассистенти калон, атташеи шуъба/шуъбаи кишварҳои Шарқи Наздики Вазорати корҳои хориҷии СССР кор кардааст.

Аз соли 1990 то соли 1997 дар вазифаи котиби сеюм (баъдтар — дуюм ва якум) дар Сафорати СССР/Русия дар Эрон кор кардааст.

Аз соли 1997 то 2000 мушовир, сардори шуъбаи Эрон дар Раёсати сеюми Осиёии Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Аз соли 2000 то 2001 ба ҳайси мушовири сиёсии Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон кор кардааст.

Дар соли 2001 ӯ барномаи сулҳи СММ ва дипломатияи пешгирикунандаро хатм кардааст.

Аз соли 2001 то 2003 ба вазифаи мушовири (баъдтар сардор) шуъбаи Эрон дар Раёсати саввуми Осиёии Вазорати корҳои хориҷии Русия таъин шуд.

Аз соли 2003 то 2006 муовини директори Департаменти чоруми кишварҳои ИДМ Вазорати корҳои хориҷии Русия (доир ба масъалаҳои муносибатҳои Русияву Гурҷистон).

Аз соли 2006 то 2008 дар вазифаи мушовири вазири Сафорати Русия дар Афғонистон кор кардааст.

Аз феврал то декабри соли 2008 муовини директори департаменти чоруми Вазорати корҳои хориҷии ИДМ (масъалаҳои Абхозистон ва Осетияи Ҷанубӣ).

Аз 25-уми октябри соли 2008 то 30-юми марти соли 2018 Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Абхозистон.

Аз 1-уми августи соли 2018 директори департаменти робита бо субъектҳои федератсия, парлумон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии Вазорати корҳои хориҷии Русия.

Забонҳои форсӣ, англисӣ, пашту ва дариро хуб медонад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *