Шӯрои дифоъ дар соҳаи рӯзноманигорӣ таъсис меёбад
Дар Тоҷикистон Шӯрои дифоъ дар соҳаи рӯзноманигорӣ таъсис дода мешавад. Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аллакай барои таъсиси ин шӯро ба Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВАК) пешниҳод ирсол намудааст.
Дар ин бора имрӯз, 9 феврал ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Эмомалӣ Насриддинзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи ӯ, таъсиси ин шӯро орзуи чандинсолаи журналистони кишвар буда, барои рушди илмии соҳаи рӯзноманигорӣ ва ҳимояи корҳои илмии мутахассисони соҳа заминаи мусоид фароҳам меорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ