Шӯрои уламо сару садо дар бораи тағйири санаи Рамазонро рад кард
Моҳи шарифи Рамазон дар Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе, 19 феврал оғоз мегардад. Дар ин бора Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон бо пахши як изҳороти расмӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, сару садоҳо дар бораи эҳтимоли тағйири рӯзи оғози моҳи муборак асос надоранд. Таъкид мешавад, ки санаи мазкур бар пояи далелҳои илмӣ ва хулосаи мутахассисони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон муайян шудааст.
Ба гуфтаи Шӯрои уламо, дар аксари кишварҳои минтақа низ моҳи шарифи Рамазон аз ҳамин рӯз оғоз мешавад. Ин ниҳод қаблан ҳам 19 февралро ҳамчун рӯзи оғози Рамазон дар Тоҷикистон эълон карда буд.
Моҳи Рамазон барои мусалмонон моҳи рӯза, ибодат ва тақвияти ахлоқӣ ба шумор меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ