Шаҳрвандони Тоҷикистонро дар Қирғизистон ҷарима бастанд

Суди ноҳияи Лайлак дар вилояти Бодканд 11 шаҳрванди Тоҷикистонро ба гуноҳи убури ғайриқонунии сарҳад ҷарима баста, сипас раҳо кардааст.

Ҳукми 3-юми июни соли равон содир шудааст. Аз дафтари матбуоти суди Бодканд ба бахши қирғизии “Озодӣ” хабар дода шудааст, ки ҳар кадоме аз шаҳрвандони Тоҷикистон ба пардохти 50 ҳазор сомӣ, муодили 7 ҳазор сомонӣ вазифадор шудаанд.

Ин афрод аз деҳаи Қӯрғончаи ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд мебошанд, ки 13-уми майи имсол дастгир шуданд. Баъзе аз сокинони ноҳия гуфтанд, ки аз 29-уми апрели имсол бедарак буданд. Як сокини деҳаи Қӯрғончаи ноҳия моҳи май ба “Озодӣ” гуфта буд, ин афрод дар кони ангишти Сукултаи Қирғизистон кор мекарданд ва «ҳар субҳ рафтаву шаб бармегаштанд».
Тоҷикистону Қирғизистон дар як соли охир ва дар пайи бад шудани равобит боздошту ҷарима ва ҳабси шаҳрвандони якдигарро бештар кардаанд.

Қирғизистон чанд зодаи Тоҷикистон, аз ҷумла Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусовро ба муддатҳои дарози зиндон маҳкум кард. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, соли гузашта 39 шаҳрванди Қирғизистон ба гуноҳи убури ғайриқонунии марз боздошту муҷозот шуданд. Намояндагони сафорати Қирғизистон моҳи май бо шаҳрвандони зиндонии он кишвар дар Тоҷикистон вохӯрданд, аммо шумораи дақиқи онҳоро нагуфтанд.

Дар деҳаҳои наздимарзӣ зуд-зуд муноқишаи сокинон ва марзбонони ду тараф сабт мешавад. Дар низоъҳои ду соли охир аз ду тараф даҳҳо кас куштаву захмӣ ва даҳҳо манзилу иншоот сӯхтаву вайрон шудаанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.