“Шаҳри бехатар” дар Хуҷанд ба фаъолият оғоз мекунад
Фаъолияти лоиҳаи “Шаҳри бехатар” дар Хуҷанд аз моҳи апрел оғоз мешавад.
Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода рӯзи 28-уми январ дар нишасти хабарӣ гуфт, ки 90%-и корҳои ин лоиҳа ба анҷом расидааст.
Ёдовар мешавем, ки ин тарҳ бо маблағи 20 млн доллар аз сӯи як ширкати чинӣ татбиқ мешавад. Чунин дурбинҳо алакай дар шаҳрҳои Душанбеву Хоруғ насб шудаанд.
Ҳадаф аз татбиқи ин лоиҳа назорати ҳаракати нақлиёт, пешгирии садамаву қонунвайронкуниҳо ва ҳодисаҳои нохуш арзёбӣ мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ