Саге, ки дар як сол беш аз 8 кило маводи мухаддир дарёфт кард

Ин саги хизматӣ «Блек» ном дорад. Беш аз 3 сол мешавад, ки дар Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд барои дарёфти маводи мухаддир зимни санҷишҳо кӯмак мерасонад.

Бояд гуфт, ки давоми соли 2024 кормандони раёсат бо истифода аз ин саги хизматӣ беш аз 8 кило маводи мухаддирро дар се ҳолат дарёфт кардаанд.  Дар умум,  давоми як соли гузашта «Блек» дар зиёда аз 12 санҷиш иштирок доштааст.

Бино ба иттилои Сунатулло Гулов, сардори шуъбаи кинологии вилояти Суғд, саги хизматии «Блек» аз оилаи русии Спанелӣ буда, беш аз 3 сол инҷониб дар санҷишҳои Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар иштирок мекунад. Ин сагро пас аз омӯзиши махсуси маркази кинологии шаҳри Душанбе, ба вилояти Суғд овардаанд ва то 5 соли дигар имкон дорад, ки дар санҷишҳои раёсат иштирок кунад.

Ҳоло дар назди шуъбаи кинологии Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовар дар вилояти Суғд 3 саги хизматӣ нигоҳубин карда мешаванд. Ду саг аз  Узбекистон ва як саг аз шаҳри Душанбе оварда шудаанд. Таъкид гардид, ки бо кӯмаки 3 саги хизматӣ, зимни санҷишҳо дар соли 2024-ум 11 кило маводи мухаддир дарёфт карда шудааст.

Гуфта шуд, ки ин сагҳо ҳоло ҷавон буда, то 5 соли дигар имкони иштирок дар санҷишҳоро доранд.

Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *