Шарҳи ҳамлаи Исроил ба Эрон: талафоти фармондеҳон ва саволи ҷиддӣ ба қобилияти мудофиавии Теҳрон


Матни таҳлилӣ бо истинод ба BBC Russian

Ҳамлаи ҳавоии Исроил ба иншооти низомӣ ва стратегӣ дар қаламрави Эрон, ки рӯзҳои охир дар сархатти ахбори байналмилалӣ қарор дорад, боис ба саволҳои ҷиддӣ дар бораи қобилияти дифои ҳавоии Эрон ва самаранокии таҳдиди ҷавобии Теҳрон шудааст.

Ба навиштаи таҳлилгари низомии Би-би-сӣ Иля Абишев, натоиҷи муқаддамотии ҳамла нишон медиҳанд, ки системаи дифои ҳавоии Эрон то андозае натавонистааст омодагии лозимаро нишон диҳад. Бо вуҷуди парвози якбораи даҳҳо ҳавопаймои зарбазан ва масофаи зиёди парвоз аз Исроил (то марзи Эрон — тақрибан 1000 км ва то Теҳрон — 1500 км), ки бояд барои омодагӣ вақти кофӣ медод, шумори иншооти осебдида назаррас мебошад. Дар баробари ин, то ҳол ягон ҳавопаймои исроилӣ суқут накардааст.

Манобеи амниятии Reuters хабар медиҳанд, ки ҳамла танҳо бо ҳавопаймоҳо анҷом наёфта, балки “Моссад” — хадамоти махсуси Исроил — амалиётҳои махфиро дар қалби Эрон роҳандозӣ кардааст. Ба гуфтаи онҳо, пойгоҳҳои дронҳои зарбазан дар канори Теҳрон, ҷойгирсозии силоҳи дақиқ ва фалаҷсозии системаҳои дифои ҳавоӣ аз ҷумлаи ин амалиётҳо будаанд.

Талафоти фармондеҳон ва олимон

Теъдоди талафоти шахсиятҳои калидӣ назаррас аст. Худи Эрон ва манобеи байналмилалӣ тасдиқ мекунанд, ки дар натиҷаи ҳамлаи Исроил на камтар аз 20 фармондеҳи аршади низомии Эрон кушта шудаанд. Миёни онҳо фармондеҳи Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ генерал Ҳусейн Салами, раиси Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳ Муҳаммад Боқирӣ ва генерали Қувваҳои ҳавоиву кайҳонӣ Амир Алии Ҳаҷизода мебошанд.

Инчунин, агентии иттилоотии “Тасним” хабар дод, ки дар ҳамлаи мазкур шаш нафар аз олимони барномаи ҳастаии Эрон — Абдулҳамид Миночеҳр, Аҳмадрезо Зулфақорӣ, Амирҳусейн Фақӣ, Муталлибзода, Муҳаммадмеҳдӣ Теҳрончӣ ва Фаридун Аббосӣ низ ба ҳалокат расидаанд.

Стратегияи Исроил ва хатарҳои ҷавобӣ

Ба гуфтаи таҳлилгари Ховари Миёна Себастиан Ашер, Исроил дар ин ҳамла аз стратегияи қаблан дар Лубнон санҷидашуда истифода бурдааст — зарба ба раҳбарияти калидӣ бо мақсади фалаҷ кардани сохтори мудофиавӣ. Дар гузашта чунин амалкард алайҳи “Ҳизбуллоҳ” ба хисороти калони ин гурӯҳ оварда буд.

Аксҳо ва наворҳо аз Теҳрон нишон медиҳанд, ки ҳадафҳо биноҳои мушаххас будаанд, монанд ба он чӣ дар канораҳои ҷанубии Бейрут рух дод. Бо вуҷуди он ки оятуллоҳ Хоманаӣ ҳадаф набуд, зарбаи сахт ба элитаи низомиву илмии кишвар зада шуд.

Вокуниши Теҳрон

Вазири корҳои хориҷии Эрон Аббос Арағчӣ ин ҳамларо “эълони ҷанг” номида, аз Шӯрои Амнияти СММ даъват намуд, ки фавран ба ин масъала дахолат кунад.

Сипоҳи посдорон аз “интиқоми шадид” сухан гуфт. Хоманаӣ низ Исроилро аз “пайомадҳои дардовару талх” ҳушдор дод.

Ба иттилои нерӯҳои мусаллаҳи Исроил, субҳи ҷумъа Эрон ба самти Исроил тақрибан 100 дрон партоб кардааст, ки ҳамаи онҳо бо системаи дифои ҳавоии Исроил безарар гардонида шудаанд.

Ҳамзамон, таҳлилгарон таъкид доранд, ки қобилияти Эрон барои посухи мустақим дар муқоиса ба гузашта коҳиш ёфтааст. Ин нишон медиҳад, ки Теҳрон дар посухи худ ба ин амалиёти бесобиқа эҳтиёткорӣ нишон хоҳад дод — агарчи фишори дохилӣ ва минтақавӣ ӯро ба посухи шадид ҳидоят мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *