Шарҳи сӯхтори бинои истиқоматӣ дар Норак
Хадамоти давлатии оташнишонии ВКД сӯхтори як бинои истиқоматиро дар шаҳри Норак шарҳ дод

Ба иттилои ин ниҳод, ҳодиса нисфирӯзии 11-уми декабр дар бинои рақами 13А-и кӯчаи Братский соати 13:19 оғоз шудааст.
Гуфта мешавад, алангаи оташ чор манзили истиқоматиро фаро гирифта, масоҳати умумии сӯхтор 89 метри мураббаъро ташкил додааст. Оташнишонҳо тавонистаанд сӯхторро соати 18:20 пурра хомӯш кунанд.
Мақомот то ҳол сабаб ва ҳаҷми зарари расидаро мушаххас накарда, таъкид мекунанд, ки муайян кардани гунаҳкор ва арзёбии зарар идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ