Шералӣ МИРЗО, вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Зиндагинома. Шералӣ Мирзо 24-уми майи соли 1967 дар ноҳияи Ҳамадонӣ ба дунё омадааст. Хатмкардаи Омӯзишгоҳи олии ҳарбии Перм буда, аз соли 1994 дар неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ифои вазифа мекунад.

Фаъолияти меҳнатӣ. Солҳои 1995-1997 фармондеҳи бригадаи пиёданизоми неруҳои хушкигарди Тоҷикистон.

Солҳои 1997-2002 фармондеҳи бригадаи зудамали неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон.

Солҳои 2002-2004 шунавандаи Академияи низомии ба номи Фрунзе.

Солҳои 2005-2006 муовини вазири дифои Тоҷикистон — фармондеҳи неруҳои хушкигарди кишвар.

5-уми декабри соли 2006 муовини аввали раиси КДАМ ва фармондеҳи неруҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъин шуд.

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20-уми ноябри соли 2013 Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *