Шикори ғайриқонунии парандагон дар Хуросон

Дар ноҳияи Хуросон ҳолати шикори ғайриқонунии парандагон ошкор гардид.

Зимни баргузории амалиёти назоратӣ кормандони шуъбаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи олами наботот, ҳайвонот ва захираҳои моҳии Сарраёсати ҳифзи муҳити зист дар вилояти Хатлон як гурӯҳ шикорчиёнро боздошт намуданд.

Маълум шуд, ки ин афрод дар ҷамоати деҳоти Ҳилолии ноҳияи Хуросон ба таври ғайриқонунӣ ба шикори парандагон машғул буданд.

Ба иттилои мақомот, нисбати дастгиршудагон тибқи талаботи қонунгузории амалкунанда чораҳои дахлдори ҳуқуқӣ андешида шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *