Шикояти сокинони Некноти нав: Об нест, ки рӯзаамонро кушоем!

Рӯзи 10-уми апрел ба идораи рӯзномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Pressa.tj муроҷиати телефонии як гурӯҳ сокинони деҳаи Некноти нави ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент расид. Дар муроҷиат сокинон аз шабакаи барқи шаҳри Панҷакенту Истаравшан шикоят карданд.

Зимни шикояти онҳо маълум гардид, ки тӯли як ҳафта инҷониб дар деҳаи мазкур оби ошомиданӣ намерасад. Сокинон сабаби инро дар иҷозат надодани мақомоти дахлдор барои пайваст кардани дастгоҳи обкашӣ (насос) ба ҳисобкунакҳои барқӣ унвон карданд. Онҳо иброз доштанд, ки бояд ҳисобкунакҳои дастгоҳро канда таъмир кунанд. Барои ин иҷозати идораи Шабакаи барқи шаҳр лозим аст.

Сокинон дастгоҳи обкаширо худашон харидорӣ карда, насб кардаанд, вале онҳо иҷозат надоранд, ки муҳр (пломба)-ро канда ҳисобкунаки насосро таъмир кунанд. Барои ин як ҳафта боз интизори иҷозати ниҳоди Шабакаҳои барқи Истаравшан ҳастанд. Онҳо ба Шабакаи барқи шаҳри Панҷакент борҳо телефонӣ муроҷиат карда, дархост кардаанд, ки истифодаи дастгоҳро иҷозат диҳанд, вале кормандони идораи мазкур дар посух ба сокинон гуфтаанд, ки то аз ҷони6и Шабакаи барқи шаҳри Истаравшан иҷозат дода нашавад, сокинон ҳаққи истифодабариро надоранд.

Пас аз ин сокинон ба идораи Шабакаи барқи шаҳри Истаравшан низ чандин маротиба занг задаанд, вале идораи мазкур ва раиси шабака бо сабабҳои номаълум телефонро набардоштаанд.

Идораи рӯзнома дар пайи расидагӣ ба шикоят ба Шабакаи барқи шаҳри Панҷакент занг зад. Раиси шабакаи барқи мазкур Беҳрӯз Бобоев аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карда, гуфт, ки агар сокинони деҳа ҳуҷҷатҳои дахлдорро фиристанду онҳо тибқи қонун мувофиқа карда шаванд, он гоҳ масъаларо дида мебароянд. Вале сокинон мегӯянд, ки “мо як ҳафта пеш идораи Шабакаи барқи шаҳри Панҷакентро аз масъала огоҳ карда будем”.

Талоши мо низ барои тамос барқарор кардан бо идораи Шабакаи барқи шаҳри Истаравшан бенатиҷа монд. Раиси Шабакаи барқи шаҳри Истаравшан Қурбонов ба зангҳои пайдарпай ҷавоб надод.

Сокинон иброз доштанд, ки дар сурати расидагӣ накардан ба шикояти онҳо, тасмим гирифтаанд ба мақомоти болотар, то Дастгоҳи иҷроияи Президент муроҷиат кунанд.Ёдовар мешавем, ки чанд сол пеш зеристгоҳи барқи Айнӣ ба Истаравшан кӯчонида шуд. Ба се шаҳру ноҳияи водии Зарафшон низ аз ҳамин зеристгоҳ барқ тақсим карда мешавад. Раёсати зеристгоҳи мазкур масъули барқи тамоми шаҳру ноҳияҳои тобеи худ мебошад. Бинобар ин, барои ҳар иқдоме, ки марбути барқ мешавад, иҷозати ин идора лозим аст.

Зимни пурсиш аз сокинон маълум гардид, ки деҳаи Некноти нав ҳудуди 200 хоҷагӣ дошта, аҳолиаш зиёда аз 750 нафар мебошад.

Инак, зиёда аз як ҳафта аст, ки ҳамин 750 нафар ташнаанд. Аммо кормандони шабакаи барқро парвое нест.

Дар моҳи мубораки Рамазон сокинон оби ошомиданӣ намеёбанд, ки рӯзаашонро кушоянд. Магар ин беадолатӣ ва хунукназарии мақомот ба шаҳрвандон нест? Магар гӯшии телефонро бардоштан мушкил аст? Ё ин ки онҳо аз арзу дод метарсида бошанд? Магар ҳамин Бобоевҳо ва Қурбоновҳо нестанд, ки монеи ҳадафҳои пешрафти кишвар мегарданд? Чаро шаҳрвандон барои ҳалли мушкилот саргардон мешаванд?

Ҷавоби ин саволҳо маълум аст, яъне масъулони баъзе аз идораю ташкилот ва мақомоти маҳаллӣ нисбат ба ҳалли мушкилоти мардум ва арзу доди шаҳрвандон бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд. Дар натиҷа, ашхоси корафтода рӯзҳо, ҳафтаҳо ва баъзан моҳҳову солҳо роҳи ҳалли мушкилоташонро пайдо намекунанд, ба идораҳои болотар муроҷиат менамоянд, идораҳои болоӣ беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Сипас, умеди охирини худро дар рӯзномаҳо мебинанд, зеро бовар доранд, ки сухани аз тарафи рӯзнома гуфташуда ба масъулон таъсир мерасонад…

Миратуллоҳ АТОӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *