Ширкати Ҳамрохон Зарифӣ дар ифтори сарвазири Япония
16 июни соли 2016, Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Ҳамрохон Зарифӣ дар зиёфати ифтор, ки аз ҷониби Сарвазири Япония Ҷаноби Олӣ Синдзо Абэ дар қароргоҳи расмии Сарвазир дар ш. Токио ташкил карда шуд, ширкат варзид.
Сафирон ва дипломатҳо, мансабдорони воломақоми Ҳукумати Япония ва инчунин меҳмононе, ки дар доираи Гурӯҳи дӯстии вакилони парлумони кишвари иқомат ҳамкорӣ менамоянд, дар зиёфати ифтор иштирок намуданд.
Зимни суҳбати кӯтоҳ миёни Сарвазири Япония Синдзо Абэ ва Сафири Тоҷикистон аҳамияти густариши ҳамкориҳои дуҷониба ва татбиқи тавофуқҳое, ки дар натиҷаи музокироти сатҳи олӣ зимни сафари Сарвазири Япония ба Тоҷикистон моҳи октябри соли 2015 ҳосил шуданд, таъкид гардид.
Дар навбати худ Сафири Тоҷикистон дуруди самимӣ ва таманниёти неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Сарвазири Япония Синдзо Абэ расонид.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ