Шумори қурбониёни метрои Тошканд ба шаш тан расид

Дар натиҷаи лағзиши замин дар сохтмони метрои шаҳри Тошканди Ӯзбекистон шаш тан кушта шуд. Дар ин бора мақомоти Ӯзбекистон хабар доданд.

Ба иттилои вазорати ҳолатҳои фавқулоддаи он кишвар, ному насаби кушташудаҳо ба ин тартиб аст:

Абдуллоев Ойбек Тура уғлӣ, 1989, сокини вилояти Қашқадарё;

Равшанов Жонибек Ислом уғлӣ, 1989, сокини вилояти Қашқадарё;

Абдуллоев Давронбек Ботирович, 1999, сокини вилояти Қашқадарё;

Диёров Анвар Нормуродович, 1986, сокини вилояти Қашқадарё;

Раҳматов Ихтиёр Амриддин уғлӣ, 1996, сокини вилояти Самарқанд;

Каримов Зариф Тулқинович, 1981, вилояти Самарқанд.

Вазорати адлияи Ӯзбекистон гуфт, ба хонаводаҳои коргарони кушташуда 10,5 ҳазордолларӣ ҷудо шудааст.

Ҳудуди минтақаи ҳодиса аз сӯи сарбозон муҳосира шуда, ба хабарнигорон иҷозаи наздик шуданро намедиҳанд.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.