Сохтмони роҳи муҳим дар Бадахшон барқарор гардид
Имрӯз, 28 январ Азим Иброҳим, вазири нақлиёти Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки сохтмони роҳи Қалъаи Хумб–Ванҷ, ки бар асари ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон муваққатан қатъ шуда буд, аз нав оғоз гардид.
Ин роҳ ҷузъи шоҳроҳи байналмилалии Душанбе–Қулма буда, моҳи декабри соли 2025 пас аз ҳамлаҳо ва куштаву захмӣ шудани 4 корманди ширкати чинии “China Road and Bridge Corporation” боздошта шуда буд.
Ба гуфтаи вазир, корҳои асосӣ анҷом ёфта, танҳо бетонрезӣ ва пайвасти барқ боқӣ мондааст. Барои ин мутахассисони чинӣ танҳо машварат медиҳанд, корҳои ҷисмониро пурра кормандони маҳаллӣ иҷро мекунанд. Ҳоло тақрибан 100 нафар сокинони маҳаллӣ ба сохтмони роҳ ҷалб шудаанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ