Сокини Душанбе аз дохили мандарини чинӣ дору ёфт (видео)

Дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе мечархад, ки дар он нафаре аз дохили пораҳои солими мандарин дору (таблетка) берун меорад. Ин корбари шабакаи иҷтимоӣ мегӯяд, ки ин мандаринҳои чиниро аз як фурушгоҳ дар Душанбе харидааст.

Дар ин навор дида мешавад, ки ӯ аз дохили пораи мандарин аввал чанд дона тухми он, сипас доруро берун меорад ва мегӯяд, ки аз дохили як мандарин 5 таблетка ёфтааст. Рӯи лаълие, ки ӯ мандаринҳоро пора кардааст, воқеъан се доруи дигар дида мешавад.

Ин нафар мегӯяд “ина бародаро, мандариное, ки мехаред. Ма аз Жилмассив харидем”. “Худоё тавба кардам” – садои зане аз наздикӣ шунида мешавад.

https://m.facebook.com/story.

Ин навор аз дируз дар шабакаҳо пайдо шуд ва то ҳол мақомот шарҳе дар ин бора надодаанд.

Ин навор дар ин шабу рӯзҳо, ки коронавирус ба Тоҷикистон таҳдид мекунад, корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба ташвиш овардааст. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд вуруди маҳсулоти хӯрокворӣ аз Чинро манъ кардаанд.

Коронавирус, ки аз музофоти Ухани Хитой пайдо шуда, ба давлатҳои дигар сироят кардааст, ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Тоҷикистон ҳамсояи наздики Хитой аст ва бештари молу коло ба бозори мо аз ин кишвар ворид мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *