Соли 2025 дар Тоҷикистон 209 мактаб бунёду ба истифода дода шуд
Соли 2025 дар Тоҷикистон 209 муассисаи таҳсилоти умумӣ, инчунин биною синфхонаҳои иловагӣ барои 49 ҳазору 534 ҷойи нишаст дар як баст сохта шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Дар ин бора Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода имрӯз, 30 январ зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи вазир, дар маҷмӯъ соли 2025 сохтмони 309 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва биною синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шуда буд. Айни замон сохтмони 100 иншооти дигар идома дорад.
Ҳамзамон, зикр гардид, ки бинои 167 иншооти соҳаи маориф бо иштироки бевосита ва маҷозии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон мавриди истифода қарор дода шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ