Соли мурғ моро чӣ интизор аст?

(Толеънома)

Соли Нави 2017 аз рӯйи солшумории шарқӣ соли Хурӯси сурхи оташин  ё ба гуфти тоҷикон, соли мурғ аст. Хислати оташинӣ ва ҷангарагии ӯ ба соли 2017 таъсир карда, ба сари ҳамаи аломатҳои Толеънома (Зодиак) рӯйдодҳои ғайричашмдоштро  меоранд.
Аз рӯи солшумори чиниҳо 28-уми январи соли 2017 Маймун бо мо хайрхуш карда, ҳукмрониро ба  Хурӯси сурхи оташин месупорад. Аммо дар солшумории тоҷикӣ табдили сол дар Наврӯз-19-21 март сурат мегирад. Дигаршавии ҳокимиятро мо дарҳол ҳис намекунем, зеро хислатҳои соли 2016 ва 2017 қариб ки як ранг ҳастанд. Агар Хурӯс дар ибтидои Соли Нав   оромона қаламрави меросии  Маймунро омӯхта, аз худ намояд, баҳорон худро хӯҷаини пурра ҳис карда, моро бо ҳодисаҳои ногаҳонӣ ва армуғонҳои гуворо ба ҳайрат меорад.

Дар ин сол мо бояд ба ҳар як дигаргунии ҳаёт файласуфона муносибат намоем. Хурӯс ба мардуме, ки ба танбалӣ одат накардаанд, дар масъалаи мансабу вазифа мадад расонда, таклифу пешниҳодоти муносиб ва ҷолиб ба миён меорад. Аммо дар ин масъала саросема нашуда, кори дилхоҳ ва маҳз муносиби худатонро интихоб намоед.

Азбаски Хурӯс худнамоиро писандида, мехоҳад мудом дар мадди назарҳо бошад, аз шумо низ ҳамин гуна рафтори мустақилро чашмдор аст, ки имиҷи худро тағйир диҳед, навҷӯйӣ намоед, зеро ҳамаи ин ба фоидаи шумо аст.

Вазъияти молиявӣ дар соли Хурӯс мунтазам хурсанд мекунад. Ба гумон аст, ки сарватманд шаведу масалан ба моҳ парвоз намоед, вале барои нону маска ва дигар хӯрданиҳо маблағ хоҳед ёфт. Зеро Хурӯс дон ё кирмакро аз  ҳама ҷо меёбад ва ба шумо низ манбаи даромадро нишон медиҳад.

Хурӯс ба ҳамаи аломатҳои Толеънома эҳтиром ба ҷо меорад, ҷанҷолу хархаша кардан маъно надорад. Ва агар шумо мутаваллиди соли ӯ ҳастед, метавонед осуда бошед, ки ба саратон ҷанҷол намеояд. Шумо ҳама чиро бе душворӣ меёбед ва худи Хурӯс бароятон дар минқораш  ширинии зиёдеро  меорад.

Дар соли 2017 беҳтар аст, ки нақшаи истироҳату фароғатро ҳангоми рухсатии меҳнатӣ накашед – хӯҷаини сол ин ҳамаро бароятон фароҳам меорад.

Хурӯс махлуқи ҳассос буда, бо садоқатнокию самимият фарқ менамояд. Вале дар лаҳзаи дигар ба сари ӯ чиҳо меояд, маълум нест. Умуман, бо вай будан шавқовар аст.  Соли Нав дар ҳаёти шахсии шумо шиносоиҳои нав ворид месозад ва яке аз онҳо бароятон сарнавиштсоз хоҳад гашт. Аз ин рӯ, агар шумо аз ин паррандаи шӯх туҳфаеро чашмдор бошед, пас интихобкардаатон дар нимароҳ аст ва шуморо фақат зарур мешавад, ки роҳи дурустро интихоб намуда, ба истиқболи бахтатон шитобед.

Онҳое, ки дар шиносномаҳояшон қайди никоҳ доранд, дар соли Хурӯс фурсати зиқ шудан пайдо намекунанд ва муносибат бо наздиконашон якранг намешавад. Агар шумо ҳоло меросхӯр надошта бошед, ӯро Хурӯс дар нӯлаш бароятон меорад. Аз фарзанди дар соли 2017 ба дунё омадаи шумо шахсони муваффақ дар ҷодаи сиёсат ва корчаллонӣ ба воя хоҳанд расид. Бинобар ин, маслиҳатро бо ҷинси латифатон тезтар  пазонед.

Агар солҳои дароз дар никоҳ бошед, шумо боз  асалмоҳро аз сар мегузаронед. Барои ин шуморо зарур аст, ки Хурӯсро бо рафторҳои ғайриинтизор ба ҳайрат оред, дар  ин сурат ӯ тамоми тадбирро меандешад, ки меҳру муҳаббати завҷаатон нисбат ба шумо аз нав бедор шавад.
Ва муҳим он аст, ки ситораҳо  шуморо огоҳ  мекунанд, ки самимӣ бошеду дар соли 2017 шиори зеринро сармашқи кори худ кунед: «Ба Хурӯс умед банду буттаро маҳкам дор!».

Мунаҷҷимон бошанд, бар ин ақидаанд, ки Хурӯс рамзи покшавӣ, оғози роҳи нотайкарда ва бозшавии саҳифаи нав дар зиндагӣ мебошад. Аз ин сабаб, дар ҳаёти шахсии  ҳар яки мо ва умуман кулли инсоният дигаргуниҳо ба амал меоянд. Фақат кӯшидан лозим аст, ки дигаргуниҳо хислати созанда бигиранд.

Соли нави 2017 муваффақияту комёбӣ дар навбати аввал ба ашхоси ҷиддӣ, ки мақсаду ҳадафҳои аниқ доранд, ёр мешавад. Дигаргуниҳои ногаҳониро барои беҳбудӣ интизор шуда, фақат ба тақдир такя накунед. Хурӯси сурх ба онҳое таъсир мерасонад, ки барои татбиқи орзую хоҳишҳои худ ҷиддияту қатъият зоҳир менамоянд.

Дар Соли нав муносибатҳои шахсӣ ва ҳамдигарфаҳмиро ҳамоҳангсоз кардан мушкил мешавад. Ин аз хислати душвори хӯҷаини соли қариб-ул-вуқӯъ вобастагӣ дорад. Ситорашиносон маслиҳат медиҳанд, ки ҳар чиро ба дил нагиред ва дар ҳолатҳои муноқишавӣ оромиро нигоҳ доред.

Мутаваллидони соли Хурӯси сурх аксар оиладӯст буда, ниҳоят самимона ғами наздиконро мехӯранд ва дар мушкилиҳо дасти мадад дароз мекунанд. Вале баъзеи онҳо сидқу вафоро риоя накарда, ишқварзии зиёдатии онҳо метавонад сабабгори қатъёбии никоҳҳои  мустаҳкам шавад.

Интихобкардагони Хурӯс дар ҳамагуна маҳфил забон меёбанд. Бо онҳо ҳамсафари ҳаёт шудан мушкилиҳо ба миён меорад, вале гар касе ба боварии онҳо сазовор шавад, барҳақ дӯсти меҳрубон пайдо мекунад.

Дар масъалаи вазъи ҷаҳонӣ бошад, соли 2017 дар тақдири аксари давлатҳо боиси тағйирот мешавад. Роҳбарони нав интихобшуда  барои куллан  дигар кардани вазъи шахшуда талош меварзанд. Аммо ин дигаргуниҳо  чӣ хислатҳо доранд, ҳатто мунаҷҷимон тахмин карда наметавонанд.

Хурӯс + Толеънома
Хонандагони азиз, шумо донистан мехоҳед, ки Хурӯс дар соли 2017 барои ҳар як бурҷи  толеънома чӣ гуна сарнавиштро омода кардааст? Пас таваҷҷуҳ фармоед:

Хурӯс ва Ҳамал
Ҳамал бартариҳо ва камбудиҳои Хурӯсро  бештар мекунад. Ҳар ду якҷо бо далерию  шуҷоат  мушкилиҳоро паси сар менамоянд.

Хурӯсу Ҳамал бавиҷдон буда, дурӯғро шум мебинанд. Онҳо афсона намебофанд ва агар рафту ба ин кӯшиш кунанд, рангу рӯяшон онҳоро фош месозад. Онҳо ишқбоз нестанд ва танҳо дар ҳолати муҳаббати ҳақиқӣ роз мекушоянд.

Муҳаббат аксар вақт барои Хурӯсу Ҳамал дилсардиҳо меорад, зеро онҳо зудбовару идеалпараст мебошанд. Онҳо аз ҳад рӯйрост амал мекунанд, ки барояшон зараровар аст. Ҳамзамон ба қатъияти онҳо истодагарӣ кардан душвор аст.

Хурӯс ва Савр
Иттиҳоди  Хурӯсу Савр ба манфиати мардум аст. Онҳо дасти мадад дароз карда, аз худ қаноатманд мешаванд, моҳияти ҳама чизро мефаҳманд, аммо нозу нузи ҳатто наздикони худро иҷро намекунанд,
Хурӯсу Савр чусту чолок буда, ҳассосияти баланд доранд. Ба қадри вақт мерасанд. Онҳо дар ҳама ҳолат фақат рост мегӯянд. Ба ҷанҷолу хархаша аввалин шуда шурӯъ намекунанд, аммо аз баҳри ҳимояи ҳақиқат фикр накарда, ҳамла меоранд.

Хурӯсу Савр хатогию иштибоҳи худро мардонавор ба гардан мегиранд ва узр мепурсанд. Ин гуна нафарон ҳамеша мустақил буда,  дигаронро тасхир месозанд ва эҳтироми атрофиёнро меписанданд.

Хислати шаҳватангезӣ бузургтарин комёбии онҳо ба шумор меравад.

Хурӯс ва Ҷавзо
Хурӯсу Ҷавзо ҳаматарафа инкишофёфта, ниҳоят фаъол ва серкор мешаванд. Ба онҳо баробар шудан хеле душвор аст, зеро фаъолнокии доимии онҳо ҳарифонашонро хастаю дилбазан мекунад.

Хурӯсу Ҷавзо қобилияти зиёд дошта, бисёр корҳоро ба анҷом мерасонанд ва ҳамзамон ба хатогиҳо роҳ  медиҳанд. Ба онҳо чӣ кор кардан фарқ надорад, муҳимаш ба коре банд бошанд.

Хурӯсу Ҷавзо дар тиҷорату ишқ муваффақ мешаванд. Ба нафси дигарон намерасанд ва ин амалро аз дигарон ба худ раво намебинанд.

Хурӯс ва Саратон
Хурӯсу Саратон иттиҳоди мураккабтарин ва мухолиф ба шумор меравад. Ин одамон ниҳоят ҳассос ва зудранҷ буда, кинапараст мешаванд. Дилсардиҳо дар ҳаёташон нақшҳо мегузоранд.

Хурӯсу Саратон ба ҳамаи ҳодисаҳо аз назари худ баҳо медиҳанд. Онҳо ба шароити нав бо душворӣ мутобиқ шуда, бештар хонашинро меписанданд ва манзили одатиашонро тарк кардан намехоҳанд. Гумон набаред, ки онҳо неруи ихтиёрӣ надоранд, баръакс онҳо бо қатъият тамоми паҳлуи кору ҳодисаро андешида, баъд амал мекунанд.

Аксаран Хурӯсу Саратон бадбахту камфаъолият метобанд, ки ин мушоҳидаи хато буда, ниқоби онҳо маҳсуб меёбад. Агар касе ё чизе ба нафсашон расад, онҳо Хурӯси ҷангӣ мешаванд.

Ин гуна Хурӯс дар оиладорӣ хушбахту содиқ аст. Агар қуввати дилаш шаванд, аз барои дӯстдораш ба гӯшаи дуртарини дунё меравад.

Хурӯс ва Асад
Хурӯсу Асад зебу зиннатро писандида, мудом пурғурур мебошанд. Онҳо фармонфармоӣ ва ба ҳама чиз комёбшавиро дӯст медоранд. Ҳамеша нақшаҳои бузург кашида, онҳоро бо ҷиддият риоя  менамоянд. Ба мақсадашон расида, ба атрофиён аз болои тахти худ хайрхоҳона менигаранд.

Худхоҳии Хурӯсона дар онҳо амсоли дигар аломатҳои Толеънома  ба чашм наменамояд. Онҳо аз рафтори хайрхоҳонаи худ ҳаловат мебаранд.

Аз сабру тоқати онҳо суистифода набаред, ки метавонед дар онҳо хашми даррандагиро бедор намоед.

Хурӯс ва Сунбула
Ин иттиҳоди ба ҳам мувофиқи аломатҳост. Хурӯс ба Сунбула  ҷасорат бахшида, ба корҳояш муваффақият меорад. Одамони Хурӯсу Сунбула ҳеҷ гоҳ қарор намегиранд, зиёд заҳмат мекашанд. Чун намедонанд, ки фардо чӣ ҳодиса ба вуқӯъ меояд, фикру андешаи худро ба касе бор намекунанд. Дар ҳама ҳолат мекӯшанд, ки ҳақпараст монанд. Муносибати хуб барояшон аз ҳама муҳимтар аст.

Хурӯсу  Сунбула  ҳамеша сарфакору захиракор ҳастанд. Аммо хислати худнамоии Хурӯсона гоҳе ба онҳо боло мегирад. Пеши инро гирифтан накӯшед, ки минқор мезананд. Ин одамон ба лоиҳаву идеяҳои худ побастаанд ва намеписанданд, вақте ки ба сухани онҳо бо шубҳа менигаранд.

Хурӯс ва Мизон
Мизон дар муошират дипломат буда,  ба зӯроварӣ кам майл дорад. Аз ин сабаб ба Хурӯс хислати муросо карданро медиҳад. Ин одамон аз муболиға кардан мепарҳезанд ва ҳеҷ касро ба ҳайрат намеоранд. Дуруст аст, ки аз ҳад беш сухан мегӯянд, баҳсро меписанданд, вале иддаоҳои онҳо далелҳо доранд, зеро Хурӯсу Мизон ба  ҷанҷол тобу тоқат намекунанд.

Аз иттиҳоди Хурӯсу Мизон қонунҳимояткунандагони хуб ва ҳарбиён пайдо мешаванд. Онҳо баъзан худтаърифкуниро нағз мебинанд, аз зоҳири худ   дар ташвиш мебошанд. Барои худ пулро дареғ намедоранд. Вале дурӯғро намеписанданд, ба иқдому ташаббусҳои нав  ва пешниҳодоти дигарон бо шубҳа менигаранд. Онҳо ба иштибоҳ дар саргузаштҳои ишқии худ роҳ медиҳанд. Ишқ онҳоро гӯё кӯр мекунад ва ба дигарон аз рӯйи зоҳирашон баҳо мегузоранд.

Хурӯс ва Ақраб
Муошират бо ҷуфти  Хурӯсу Ақраб  душвор буда, бо онҳо  баҳсу мусобиқа   кардан осон нест. Ин тоифаи одамон хавфноканд, зеро эҳсоси худро идора карда наметавонанд. Онҳо чолоку шуҷоъянд ва соҳиби нуфузи шикастнопазир  ҳастанд.

Хурӯсу Ақраб  меҳнатдӯст буда, дигаронро низ ба меҳнат кардан маҷбур мекунанд. Қобилияти хуби сухангӯйӣ дошта, интиқод мекунанд ва ба дурӯғгӯйӣ одат накардаанд. Онҳо эҳтиёткоранд ва рақибони камқувватро дӯст намедоранд ва роҳҳои сари вақт маҳв сохтанашро меёбанд.

Хурӯсу Ақраб  фармонфармоиро меписанданд ва тактикаи  писандидаашон ба ғафлат гирифтан аст. Атрофиён онҳоро намефаҳманд, ҳарчанд ки онҳо одамони бад нестанд. Онҳо мудом аз хавф дар ҳарос мебошанд ва ниёзманди муҳаббатанд. Онҳо бе ишқу муҳаббат нисбат ба ҷинси мухолиф бадҷаҳлу таҷовузкор мешаванд.
Хурӯс ва Қавс

Хурӯс ва Қавс нақшаҳои бузург доранд. Онҳо хеле фаъол буда, дар як ҷо нишаста наметавонанд, саёҳатро дӯст дошта, дигаргуниро меписанданд.  Хурӯс шавқи Қавсро идора карда, оиладори хуб мешаванд. Аммо онҳо ҳамеша саргарму бепарво ва мустақил мемонанд. Бо гузашти солҳо онҳо догматик шуда, ба атрофиён таъсир мерасонад. Вале барои далерию кушодачеҳрагӣ камбудиҳои онҳоро мебахшанд.

Хурӯс ва Ҷаддӣ
Иттифоқи Хурӯсу Ҷаддӣ нафарони бавиҷдон ва ҳақиқаткорро ба миён меоранд. Онҳо сохтаро аз  асл фарқ мекунанд. Онҳо аз дурӯғ ҳазар мекунанд. Одамони меҳнатдӯст ва пурғайрат буда,  ҳар як корро то ба охир мерасонанд.  Ҳамаи ин натиҷаҳои хуб ба бор меорад.

Хурӯсу Ҷаддиро дар ҷамъият  ҳурмат мекунанд, зеро онҳо анъанаҳоро эҳтиром карда, хоксорона  рафтор менамоянд. Ҳамсуҳбати ҷолибанду мавзӯи гуфтугӯро хуб медонанд.

Дуруст аст, ки баъзеи онҳо ба фалсафа дода шуда, ба муҳокимарониҳои  абстрактӣ машғул мешаванд. Бинобар ин, ҳаёти интелектуалии онҳо назар ба дунёи ҳиссиёташон бой шуда, онҳоро ба танҳоӣ маҳкум менамояд.

Хурӯс ва Далв
Дар ин иттиҳод Хурӯс Далвро ба хаёлпарастӣ моил мекунад. Ин гуна шахсон мубталои ғояи хаёлии олӣ буда, мудом дар андешаи  лоиҳаҳои татбиқнашавандаи хушбахтгардонии башарият мебошанд. Баъзан ба доми фиреби корчаллонҳо афтида, омодаанд, ки барои ба мақсад расидан ҳеҷ чизро дареғ намедоранд. Дар сари онҳо ғояву кашфиёти оламгир чарх мезанад.

Хурӯсу Далв ба ҳар қурбонӣ омодаанд, вале аз ин одамони чапдаст истифода мебаранд. Вале онҳо бо суханони ширин дигаронро ба худ моил карда, ваъдаҳои иҷронашаванда  медиҳанд.

Хурӯс ва Ҳут

Ҷуфти мазкур ба мисли Хурӯс дастгирнашаванда ва  ба мисли моҳӣ шилмак мебошад. Онҳо, ки хеле ҳассосанд, одамонро ниҳоят дӯст медоранд. Одамонро самимона гӯш карда, ғамшарики бегонагонанд. Аммо онҳо на ҳама вақт аз худ дилпур ҳастанд, аз ду бадбахтӣ ҳамеша камтаринашро интихоб мекунанд. Аниқ кардан мушкил аст, ки онҳо худ қурбонианд ё  даррандаҳои махуф. Вале дар ҳар ҳолат онҳо беҳтарин маҳсуб ёфта,   худро ба нафъи дигарон дареғ намедоранд.

Хурӯсу Ҳутро ром карда намешавад. Онҳо мақбули мардум ҳастанд. Чунин одамонро ба ғафлат гирифтан душвор аст. Онҳо аз ҳар занозанӣ бе харошхӯрӣ халос мешаванд.

Таҳияи Эмоми НАЗАРИЁН

 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *