«Сомон Эйр» парвозҳо ба Дубайро барқарор кард
Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» эълон кард, ки парвозҳои худро дар масири Душанбе–Дубай–Душанбе, ки қаблан муваққатан қатъ шуда буданд, аз 11 март аз сар мегирад.
Ба иттилои ширкат, дар марҳилаи аввал парвозҳо рӯзҳои 11, 13 ва 15 март аз Душанбе ба фурудгоҳи Мактуми Дубай ва баръакс анҷом дода мешаванд. Ҳамчунин, дар сомонаи расмии ширкат ҷадвали минбаъдаи парвозҳо дар ин масир нашр шудааст.
Қаблан парвозҳо дар ин хатсайр бинобар вазъияти ноороми амниятӣ дар минтақа муваққатан боздошта шуда буданд.
Дар бораи нархи билет барои парвозҳои мазкур маълумоти расмӣ нашр нашудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ