«Сомон Эйр» парвозҳо дар масири Душанбе-Дубайро муваққатан боздошт

Ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” эълон кард, ки парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе–Дубай–Душанбе то 6 марти соли 2026 (бо шумули ҳамин рӯз) муваққатан боздоштааст.

Ба иттилои ширкат, ин тасмим рӯзи 2 март дар пайи маҳдудиятҳои ҷорӣ барои истифода аз ҳарими ҳавоӣ дар минтақаи Ховари Миёна гирифта шудааст.

«Сомон Эйр» ба мусофироне, ки дар ин давра билет доранд, тавсия медиҳад, ки пеш аз сафар вазъи парвозҳоро дар сомонаи расмии ширкат санҷида, барои гирифтани маълумоти бештар бо намояндагони ширкат тамос гиранд.

Тамос барои маълумот: +992 44 640 40 49, +992 44 640 40 50,WhatsApp: +992 93 777 74 59.

Ширкат изҳор доштааст, ки дар сурати тағйир ёфтани вазъ, маълумоти иловагӣ пешниҳод хоҳад кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *