Таъиноти Черчесов ба  сармураббигии мунтахаби Русия оид ба футбол

 

 Иттиҳоди футболи Русия (ИФР) дар бобати сармураббии дастаи мунтахаби Русия оид ба футбол таъин кардани Станислав Черчесов иттилоъ дод. Таъиноти Черчесовро  дирӯз дар ҷаласаи ғайринавбатии комиҷроияи ИФР  тасдиқ намуданд.

 Ёдовар мешавем, ки пас аз нокомии мунтахаби Русия дар чемпионати Аврупо-2016 сармураббии даста Леонид Слутский аз вазифааш истеъфо дода буд. То имрӯз ба ҷойи ӯ номзадии чандин мураббиёни шинохта, аз ҷумла сармураббии дастаи лигаи олии Русия «Ростов» Қурбон  Бердиев пешниҳод шуда буд. Бердиев нахост дастаашро тарк кунад, номзадии чанде дигарро комиҷроияи ИФР маъқул надонист.

Станислав Черчесови 52-сола таҷрибаи хуби мураббигиашро дар дастаҳои   «Терек», «Амкар»,»Динамо»  ва  «Легия» ҳосил кардааст.

Эмом Назаров

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *