Суғд: Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 18,1 миллиард сомонӣ расид
Дар нимсолаи аввали соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар вилояти Суғд ба 18,1 миллиард сомонӣ расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта бо суръати афзоиши 132,8 фоиз рушд кардааст. Дар ин бора аз мақомоти вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Айни ҳол дар ҳудуди вилоят наздики 1300 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, номгӯи маҳсулоти саноатии истеҳсолшаванда ба 253 намуд расонида шудааст. Ин нишондиҳандаҳо далели рушди устувори бахши саноат ва саҳми афзояндаи он дар таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти воридотивазкунанда ва рақобатпазир маҳсуб мешаванд.
Дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ, дар нимсолаи аввал 84 корхона ва коргоҳи нави саноатӣ ба фаъолият шурӯъ намуда, 536 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Корхонаҳои нав асосан ба соҳаҳои масолеҳи сохтмон, саноати сабук ва хӯрокворӣ мансубанд.
Мақомоти вилоят таъкид мекунанд, ки рушди бахши саноат ва таъсиси корхонаҳои нави истеҳсолӣ дар вилоят ба баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ, фароҳам овардани ҷойҳои корӣ, ва тақвияти иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат мекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ