Суғд: Беш аз 1000 тонна картошкаи барвақтӣ ҷамъоварӣ шуд

Дар вилояти Суғд ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ оғоз шуд. Дар ин бора аз Сарраёсати кишоварзии вилояти Суғд ба Pressa.tj иттилоъ доданд.

 Гуфта шуд, ки ҳоло дар 3 ҷамоати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров -ҷамоатҳои деҳоти Унҷӣ, Ғозиён ва Хистеварз ҷамъоварии ҳосил идома дорад. То имрӯз дар умум аз 3 ҷамоати ин ноҳия беш аз 1000 тонна ҳосил ғунучин шудааст.

Screenshot

Муовини сардори Сарраёсати кишоварзии вилоят Абдуазиз Маҳмудзода дар суҳбат гуфт, ки картошкаи барвақтӣ дар майдони 1205 гектар, яъне 7 шаҳру навоҳии картошкапарварии вилоят кишт карда шудааст. Инҳо шаҳрҳои Конибодому Панҷакент ва ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Ҷаббор Расулов, Спитамен, Зафаробод ва Мастчоҳ мебошанд.

Ҷамъоварии картошкаи барвақтӣ то охири моҳи июн идома хоҳад кард. Баъдан ҷамъоварии ҳосили ду марҳилаи дигар оғоз мешавад, ки марҳилаи якум то моҳи сентябр ва дуюм бошад то моҳи октябр идома хоҳад кард.

Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *