Суқути пуфаки ҳавоӣ дар Бразилия. Ҳадди ақал ҳашт нафар ба ҳалокат расиданд
Дар натиҷаи суқути як пуфаки ҳавоӣ дар иёлоти Санта-Катаринаи Бразилия, тақрибан ҳашт нафар ҷон бохтанд.
Дар ин бора шабакаи хабарии CNN бо истинод ба губернатори иёлот Жоржиню Меллу хабар медиҳад.
Ба иттилои мақомоти маҳаллӣ, ҳодиса рӯзи якшанбе дар шаҳри Прая-Гранди рух додааст. Ҳангоми парвоз дар дохили пуфак сӯхтор ба амал омада, оташ тамоми пуфакро фаро мегирад. Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки ду нафар худро аз баландӣ ба замин мепартоянд ва пас аз чанд лаҳза сабади пурра оташгирифта ба замин меафтад.
Дар дохили пуфак 22 нафар, аз ҷумла халабон ҳузур доштанд.
Ба гуфтаи губернатор Жоржиню Меллу, 13 нафар аз ин ҳодиса наҷот ёфтаанд, аз ҷумла худи халабон.
Мақомоти тафтишотӣ сабабҳои дақиқи рух додани сӯхторро таҳқиқ доранд. Ин яке аз фоҷиабортарин садамаҳои пуфакҳои ҳавоӣ дар Бразилия ба шумор меравад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ