Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Садир Жапаров
Имрӯз, 30-юми июн бо ташаббуси ҷониби Қирғизистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров суҳбати телефонӣ анҷом доданд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни суҳбат маҷмӯи масъалаҳо марбут ба муносибатҳои Тоҷикистону Қирғизистон баррасӣ шудаанд.
— Мусоҳибон доир ба омодагӣ ба Мулоқоти навбатии машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд. Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки муколамаи сиёсиро, ки ба таҳкими ҳамсоягии неки ду давлат ва мардум нигаронида шудааст, идома диҳанд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ