Ҷоми КФО-2022: Дастаи «Хуҷанд» бо тими «Дордой» бозӣ мекунад

Ноибқаҳрамони Тоҷикистон — бошгоҳи футболи «Хуҷанд»-и шаҳри Хуҷанд имрӯз, 30-юми июн дар доираи бозиҳои даври севуми марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО-2022 дар гуруҳи «F» бо тими «Дордой»-и Бишкек — қаҳрамони Қирғизистон рақобат мекунад.

Ин бозӣ дар варзишгоҳи ба номи Долон Омурзоқови шаҳри Бишкек соати 19:00 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Гуфта мешавад, ки барои баромадан ба даври баъдӣ «Хуҷанд»-ро ҳисоби мусовӣ ё бохт бо ҳисоби минималӣ қаноатманд мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *