Сӯхтор дар як бинои баландошёнаи Душанбе
Дар як бинои баландошёна воқеъ дар шаҳри Душанбе сӯхтор сар зад.
Тибқи иттилои Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ, ин ҳодиса соати 13:30 дақиқаи рӯзи 1-уми январ дар ошёнаи 9-уми бинои истиқоматии рақами 26-и кӯчаи Асадулло Ғуломови ноҳияи Сино рух додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, оташсӯзӣ 15 метри мураббаъро фаро гирифта, соати 14:36 дақиқа аз сӯи оташнишонҳо хомӯш карда шудааст.
Мақомот иттилои бештар дар ин маврид ироа накарда, гуфтаанд, ки сабаб ва зарари сӯхторро муайян мекунанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ