Таҳқиқи навори муноқишаи наврасон: “Зӯрҳо” муайян шуда, волидонашон ҷазои маъмурӣ гирифтанд (аудио)

25-уми майи соли ҷорӣ дар як қатор шабакаҳои интеренетӣ наворе нашр гардид, ки дар он ҳолати муноқишаи як гуруҳ наврасон инъикос ёфтааст.

Бино ба иттилои Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, шаҳрвандону корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе дархост намудаанд, то нисбати ҳуқуқвайронкунандагон чораҳои таъсиррасони қонунӣ андешида шавад.

Вобаста ба ҳолати мазкур аз ҷониби кормандони милитсияи шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ роҳандозӣ гардида, нафарони қонуншикан муайян карда шудаанд. Зимни санҷиш ошкор гардидааст, ки ҳодисаи мазкур дар маҳаллаи Гипроземи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рух дода, як гуруҳ наврасон — хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ миёни ҳамдигар муноқиша кардаанд, ки дар натиҷа ягон нафар ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ набардоштааст.

— Шахсияти ҳамаи он нафароне, ки дар ин муноқиша ширкат намудаанд, муайян ва ба мақомоти милитсия дастрас карда шуда, дар баробари баргузори суҳбатҳои профилактикию корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳамзамон нисбати 12 нафар волидайни нобилиғон тибқи талаботи моддаи 90-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуд,- меафзояд манбаъ.

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован.