Маҷидӣ Муҳтадӣ

Тағйироти кадрӣ: Раиси Ховалинг аз вазифа озод карда шуд

Маҷидӣ Муҳтадӣ, раиси ноҳияи Ховалинги вилояти Хатлон аз вазифааш озод карда шудааст. Ба ҷойи ӯ Мирзозода Музаффар иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи мазкур таъин шудааст.

Дар бораи тағйироти кадрӣ дирӯз хадамоти матбуоти Президенти кишвар хабар дод.

Мирзозода Музаффар то таъин шудан ба ҳайси иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ховалинг муовини аввали вазири кишоварзии мамлакат буд.

Сомонаи Президенти кишвар сабаби озод кардани Маҷидӣ Муҳтадиро гузаштан ба вазифаи дигар гуфтааст. Аммо то кунун маълум нест, ки ӯ ба кадом мансаб таъин шудааст.

Маҷидӣ Муҳтадӣ аз соли 2020 то дирӯз раиси ноҳияи Ховалинг буд. Ӯ бо рафтори фарқкунанда аз дигар раисон пайваста аз ҷониби хабарнигорон танқид мешуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *